КӮЧАРОВ Аламхон (тав. 04.02.1946, деҳаи Сарчашмаи ноҳ.Шӯроободи вил.Хатлон, аз хонадони зиёӣ) мунаққид, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1997), профессор (2003), узви ИН Тоҷикистон (1997). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003). Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Ун-ти давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1969). Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ, донишҷӯ (1964-1969), муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ИДПК (1969-1997), дотсент (1997-2002), профессор (2002-2010), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ (2002-2010), аз соли 2012 сарходими Ин-ти тадқиқотӣ-илмӣ дар ДМТ. Доир ба мавзӯи «Масъалаҳои матншиносиии повести «Одина»-и С.Айнӣ (1978, Душанбе) рисолаи номзадӣ ва «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ» (1997, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Масъалаҳои матншиносӣ тамоми фаъолияти илмӣ ва таълифоти ӯро фаро гирифтаанд. Аввалин маротиба оид ба матншиносии адабиёти муосири тоҷик тадқиқоти муфассал анҷом дода, монографияи алоҳида ба табъ расонидааст. Бори нахуст нақди матни осори устод Айниро ба таври мукаммал тадқиқ ва фаъолияти муҳарририи ӯро муфассалан баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз 410 таълифот. Зери роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2008, Душанбе), бо ордени «Дӯстии халқҳо» (2001, Душанбе), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995, Душанбе) сарфароз гардидааст.
НАСИМОВ Нуриддин Исоевич (тав. 09.10.1958, деҳаи Бобосафоли Поёни ноҳ. Фархори вил.Хатлон, аз хонадони зиёӣ), забоншинос, номзади илмҳои филология (1996), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Ин-ти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1981). Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ (1966-1976), донишҷӯ (1976-1981), муаллими мактабҳои миёнаи №17 ноҳ.Восеъ (1981-1983), №24 ноҳ. Фархор (1983-1989), муаллим, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии ИДПК (1989-1997), сармуҳаррири «Анвори дониш» (нашрияи донишгоҳ, 1996-1998) мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва табъу нашр, муовини сардори Идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2004). Аз соли 2004 сармутахассиси Раёсати илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар мавзӯи «Калимасозии феъл дар забони насри Садриддин Айнӣ» (1996. Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Самти асосӣ дар таҳқиқоти илмии Насимов калимасозии феъл дар забони тоҷикӣ мебошад. ӯ усули калимасозии лексикию семантикии феълро дар мисоли забони асарҳои насрии Садриддин Айнӣ таҳқиқ кардааст. Насимов мураттиби китоби «Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), муаллифи 5 асар ва беш аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.
АЛИЕВ Аҳмад Қурбонович (тав. 20.05.1944, деҳаи Боғгаии ноҳ. Муъминободи вил. Хатлон, аз хонадони деҳқон), забоншинос, номзади илмҳои филология (1997), дотсент (2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), узви ИЖ Тоҷикистон (2008). Иштирокдори нахустин слёти умумииттифоқии барандагони стипендияҳои номӣ дар ш.Москва (1968). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Ин-ти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1970). Таҳсил дар мактабҳои 7-сола ва миёнаи №7 ва №3 ноҳ.Муъминобод (1950-1960), донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (ҳоло коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1960-1962) ва ИДПК (1963-1970), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1963-1966), омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДК (1970-2004), мудири кафедраи филологияи коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1999-2004), мудири кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2004-2012), аспиранти Ин-ти забон ва адабиёти АИ ҶТ (1984-1985), ҳамзамон сармуҳаррири «Анвори дониш» (нашрияи донишгоҳ, 1998-2002). Аз соли 2012 дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДК. Дар мавзӯи «Хел ва воситаҳои алоқаи калимаҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ (1997, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ба қалами ӯ таълиф ва таҳрири беш аз 120 асару мақолаи илмӣ тааллуқ дорад. Тадқиқотҳои илмиаш ба таҳлилу тадқиқи анвоъ ва васоити алоқаи калимаву ҷумлаҳо дар забони адабии тоҷикӣ ва насри асри XVI бахшида шудаанд. Бо медали ҷашнии «20 соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945» (1965), Ифтихорномаҳои Комитети Марказии комсомоли умумииттифоқӣ (1968) ва Комитети Марказии комсомоли ҶТ (1967) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) сарфароз гардонида шудааст.
ИСЛОМОВ Аслон (тав. 21.01.1947, деҳаи Панҷурти ноҳ.Ховалинги вил.Хатлон, аз хонадони деҳқон –ваф 2009, ш.Кӯлоб), журналист, узви ИЖ Тоҷикистон (1979), Аълочии маорифи Тоҷикистон. Хатмкардаи Ун-ти давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1975). Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ (1954-1964), донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (1964-1966) ва УДТ (1970-1975). Муҳаррири рӯзномаи «Коммунист»-и ноҳ.Ҷиргатол, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ», муҳаррири рӯзномаи «Садои коргар» (1975-2002). Аз соли 2002 то охири умр (2009) муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (нашрияи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) буд. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мақолаҳои таҳлилию танқидӣ оид ба баъзе урфу одатҳои мардуми диёр ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз чоп кардааст.
ХУДОЙДОДОВА Шарофат Зардовна (тав. 26.04.1967, ш.Кӯлоби вил.Хатлон, аз хонадони зиёӣ), забоншинос, рӯзноманигор, номзади илмҳои филология (2010), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012), Аълочии матбуоти ҶТ (2014), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикиситон (2014), узви ИЖ Тоҷикистон (2007). Хатмкардаи факултаҳои забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти тоҷики Ин-ти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1989, 1995). Таҳсил дар мактаби миёнаи №9 ш.Кӯлоб (1974-1984), донишҷӯ (1984-1989), омӯзгор, муаллими калони кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ (1989-1994), мудири кафедраи МТЗАР –и факултаи филологияи рус (2004-2008), муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2006-2009), декани факултаи филологияи хориҷӣ (2008-2009), мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ (2010-2013), мудири кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2013-2014). Аз соли 2014 муовини ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба корҳои тарбиявӣ. Дар мавзӯи «Таҳлили таркибӣ-маъноии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)» (2010, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Тадқиқотҳои ӯ дар самти пажӯҳиши реклама дар Тоҷикистон аввалин кори илмӣ буда, дар пасманзари татбиқи он паҳлуҳои мухталифи истифодаи реклама ҳамчун жанри муосири журналистикаи тоҷик арзёбӣ гардидааст, муҳаррири феълии намояндагии муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар ш.Кӯлоб ва омӯзгори фанҳои «Асосҳои реклама ва паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публистистӣ»-и кафедраи журналистика буда, бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ширкат меварзад. Муаллифи 3 дастури методӣ ва беш аз 16 мақолаи илмӣ. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012), «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2014) ва Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардидааст.
САФАРОВ Бахтиёр Қурбонович (тав.12.08.1971, деҳаи Лағмони ноҳ.Кӯлоби вил.Хатлон, аз хонадони коргар), омӯзгор, журналист, узви ИЖ Тоҷикистон (2011). Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998). Таҳсил дар мактаби №10 ноҳ.Кӯлоб (1978-1988), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1989-1991), донишҷӯ (1993-1998), хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (1998-1999), муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 ноҳ.Кӯлоб (1999-2003), омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ (2003-2012), мудири кафедра (2012-2013), муаллими калони кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ҳамзамон муҳаррири «Анвори дониш» (нашрияи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2009) ва масъули чопи маҷаллаи илмии Паёми ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2009-2012). Дар мавзӯи «Ташаккул ва таҳаввули ВАО-и минтақаи Кӯлоби вил.Хатлон (дар солҳои 1930-2012)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Солеҳов Н.Н. рисолаи номзадӣ навишта истодааст.
РУСТАМШО Ҷаҳонгир Рустамшо санаи 18.05.1988 дар деҳаи Чойлобкамари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2011) мебошад. Таҳсил дар МТМУ №49 ва № 5-и ноҳия (1995-2006), донишҷӯ (2006-2011), ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2011-2014), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи ДДК ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ (2014-2015), мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2015-2016).
Аз сентябри соли 2016 то ҳол сармуҳаррири нашрияи донишгоҳ — рӯзномаи “Анвори дониш” мебошад. Дар мавзӯи «Антропонимҳои «Ҳазору як шаб» (ҷанбаи забоншиносӣ) 22.05.2018 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Муаллифи як дастури таълимӣ, 18 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 200 мақолаи публитлистӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Почтаи электронӣ: rustamshokh@mail.ru
Телефон: 981 000 219