Тибқи мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №53/3-926 аз 26.12.2018 санаи 27.12.2018 соати 9:00 дар шаҳри Душанбе дар бинои “Душанбе - Плаза” маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 бо иштироки варзишгарон, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Неъматуллозода Айсиддин – донишҷӯи курси 3-юми факултаи филологияи хориҷӣ, Муродов Муҳиддин – мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия дар самти барномасозӣ ва Латипов Манучеҳр – донишҷӯи курси 2-юми факултаи физика ва математика дар самти адабиёт соҳиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон гардида, Шарифов Бедил – донишҷӯи курси 3-юми факултаи молиявию иқтисодӣ соҳиби стипендияи Кумита ва Сахиев Сорбон – донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи хориҷӣ соҳиби ҷои сеюм дар озмуни “Донишҷӯи сол - 2018” соҳиби диплом ва туҳфаҳои пулию молӣ гардиданд.