KGU

«Сада ҷашни мулки номдор аст”.

«Сада ҷашни мулки номдор аст”. 23.01.2019

«Сада ҷашни мулки номдор аст”.

   

        ДУШАНБЕ, 23.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада аз қадимтарин ҷашнҳои башарият мебошад, зеро марбут ба кашфиёти оташ аст, яъне мансуб ба инсони замони ибтидоист. Чунон ки эътироф шудааст, кашфиёти оташ дар замони ҳукмронии аввалин кадхудои Замин Каюмарс аз ҷониби набераи чаҳоруми ҳазрати Одам Ҳушанг сурат гирифтааст. Ва аввалин хуҷстагии ин ҷашн барои мо, тоҷикон дар он зоҳир мешавад, ки он бо гузашти ин ҳама ҳазорсолаҳо, дидани ин қадар муқовиматҳо, ҳама кӯшишҳои аз байн бурдани он аз ҷониби намояндагони адёне, ки ҳукмрони ин сарзамин шуданд, аз байн нарафт ва ҳамеша мардуми тоҷик оташи фурӯзони онро дар ниҳоди худ ва ниҳон аз чашми душман дар оташдону оташкадаи хонаҳояшон маҳфуз медоштанд. Яъне ҷашни Сада ва оташи он аз оғоз пайванди ногусастанӣ бо мардуми мо, бо маросиму суннатҳои миллии мо доштааст. Гузаштагони мо оташро муқаддас мешумориданд ва чунон ки маълум аст, суғдиёни қадим ҳангоми рафтан ба меҳмонӣ ба хонаҳои ҳамдигар оташ армуғон мебурданд, ки рамзҳои зиёди неки зиндагиро таҷассум менамуд. Баъзе таомулу суннатҳои оташпарастӣ то ба имрӯз дар маросимҳои мардумии халқи мо истифода бурда мешаванд. Амсоли гулхан афрӯхтану паридан аз болои оташ, оташ афрӯхта, пешвоз гирифтани навхонадорон, давр гардонидани арӯсу домод дар гирди оташ ва ғайраҳо. Ҳамин далелҳо кофиянд, ки ҷашни Садаро ҷашни қадима ва миллии худ ҳисобем.  Пас ин ҷашн яке аз нишонаҳои куҳанбунёд ва фарҳангсолор будани миллати мост. Ба ин сабаб аст, ки дар баробари расидан ба истиқлолияту озодӣ  дар партави худшиносии миллӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳо ҷашни Сада низ  эҳёи тоза ёфт. Хуҷастагии дигари ҷашни Сада ва пайванди маънавии он бо халқи тоҷик дар он ба зуҳур омада, ки рамзҳои талқинкунандаи ин ҷашн, мисли парастиши нур ва рӯшноӣ тавъамон бо табиати миллати мост. Ин хуҷастагии дуюм дар пирӯзии нур бар зулмот ифода меёбад, ки на фақат дар рамзҳои Сада, балки дар дигар ҷашну маросимҳои мо низ ҳузур дорад. Аз ҷумла, дар ҷашни хуҷастаи Наврӯзи Аҷам, ки низ як рамзаш  пирӯзии рӯшноист, зеро пас аз ворид шудани Наврӯз ҳар рӯз пирӯзии нур бар зулмот, яъне кам шудани зулмот ва афзудани рӯшноӣ дар табиат шурӯъ меёбад. Миллати мо, ки таърихан оташро мепарастид, ҳамеша рӯшноиро муқаддам бар зулмот медонист ва ин фалсафа ва ғояи рӯшноипарастиро дар таълимоту эҷодиёти бузургонамон метавон фаровон пайдо кард. Яъне миллати мо миллати равшанзамир ва дилгарму рӯгарм дар зиндагӣ ва таълимоти нобиғагони оламшумули  худ аст. Ин ки Ҳушанг ҳангоми андохтани санг бар мори сиёҳ оташро кашф кард, низ рамзи мубориза бо бадиву неруҳои сиёҳ аст ва аз он мегӯяд, ки  гузаштагони некбунёдамон таслимнопазир бо неруҳои бадиву сиёҳӣ буда,  дар муборизаҳои неку бад ва хайру шарр ҳамеша ҳомии некиву адолат будаанд. Хуҷастагии сеюм дар он зоҳир мешавад, ки оташи ҷашни Сада рамзи созандагиву ободист, яъне ин оташи муқаддас на танҳо гармӣ ва рӯшноӣ мебахшад, балки яке аз рукнҳои муҳими рӯзгор, маншаи созандагиву эҷодкорӣ ва воситаи муҳими рӯзгузаронии башарият аст. Маҳз ҳамин оташи фурӯзон ба бунёду эҷоди бисёр касбу ҳунарҳо мусоидат кардааст. Ва халқи тоҷик, ки халқи ҳунарманду эҷодкор аст, ин оташи созандаро маҳфуз доштааст. Боз як хуҷастагии дигари ҷашни Садаро метавон зикр кард, ки он низ мисли  тамоми ҷашнҳои дигари мо хайрхоҳонаву некманишона аст, яъне ҳадафҳояш неканд, хайрхоҳонаву инсондӯстонаанд, аз ин рӯ ба дарди ҳама мардум, ба розу ниёзи ҳама халқи олам мехӯранд. Аз ин рӯ мо мебинем, ки маросимҳои миллии мо аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ, мисли СММ ва ЮНЕСКО, сокинони кишварҳои мухталифи олам низ бо муҳаббату самимият пазироӣ меёбанд ва пайи ҳам ҷаҳонӣ мешаванд. Албатта, сарсупурдагӣ ва кӯшишҳои ватандӯстонаи Пешвои миллатамонро дар ин ҷода наметавон нодида гирифт. Оқибат хуҷастагии дигари  ҷашни Сада дар ягонагӣ, баҳамоии мардум, аз як гиребон сар баровардани онҳо, ки раҳнамои сулҳу ваҳдат аст, зоҳир мешавад. Ҳар ҷашну маросими миллии мо, аз ҷумла ҷашни Сада халқро ба ҳам меорад, ҳаммарому ҳаммақсад мегардонад, зеро такя ба армонҳои миллӣ ва розу ниёзи мардум дорад, ки ҳадафҳояшон нек аст. Дар ҳошияи гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки ҷашну маросимҳои миллии таърихии мо дар баробари талқини ваҳдату ягонагиву сарҷамъӣ заминаҳои маънавии баландро пайгирӣ мекунанд. Бубинед, ҳар ҷашну маросим мақсаду ҳадафу ғояҳои баланду неки инсонӣ: покизагӣ, озодагӣ, созандагӣ, ҳунармандиву санъаткорӣ ва зебоипарастиро  дунболагир аст. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, ҷашни сарсабзию шукуфоӣ, ҷашни оғози зиндагиву рӯзгори нав, ҷашни тавлид, ҷашни коштани донаҳои умеду армон аст. Ҷашни Меҳргон ҷашни ҳосили ин киштаҳоро бардоштан, фаровонӣ сериву пурии рӯзгори инсонист. Ва бад-ин тариқ ҷашни Сада ҷашни оташ, яъне нуру гармиву рӯшноӣ, ҷашни раҳоӣ аз зулмот аст.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

К-аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

        Дар ин росто як нуктаи дигарро наметавон зикр накард, ки бидуни шубҳа хуҷастагии адабиёт, каломи бадеъ ва сеҳри қалами бузургони моро далел аст. Бубинед, аксари маълумоти қимати таърихиву асотирие, ки мо имрӯз оид ба ҷашнҳои миллии қадимаи худ дорему бар он такя мекунем, боз ҳам ҳамон навиштаҳои безаволи адибону олимонамон, хусусан Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар фарзандони хуҷастаи миллати мост. Аз ин рӯ қимат ва арзиши асарҳои безаволи бузургони мо, хусусан “Шоҳнома” –и   Ҳаким Фирдавсӣ назир надорад, ки дар баъзе мавридҳо ҳамчун ягона сарчашмаи маълумоти бебаҳо оид ба таърихи мозии мост. Оид ба Сада, Меҳргон, Наврӯз; оид ба қаҳрамонони миллӣ, чунончи, Рустаму Сӯҳробу Сиёвуш; аввалин шоҳони каёнӣ: Ҷамшеду Фаридуну дигарон; аввалин Парчами ориёӣ, садҳо маросим ва шахсияту ҳодисаҳои таърихӣ ва рамзҳои  дигар  имрӯз сарчашмаи шодоби далелу маълумот маҳз ҳамин “Шоҳнома” –и безаволи Фирдавсии бузург аст.. Мо дар хусуси қадимтарин ҷашни миллии худ- Сада ва бузургтарин ҷашнҳои миллиамон- Меҳргону Наврӯз сухан кардем, ҳол он ки теъдоди ҷашну маросимҳо, расму таомулҳо ва анъанаву суннатҳои миллии мардумии мо хеле зиёд аст. Аз ин рӯ бояд арз дошт, ки  аз ҷиҳати теъдод хеле зиёд будани ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон гувоҳи равшану дурахшони тафаккури эҷодкоронаву созанда доштан ва ҳунарпеша будани халқи куҳанбунёди мост. Тамоми ин суннату маросимҳо, хусусан Садаву Наврӯзу Меҳргон таҷассуми симои зебои фарҳангиву маънавии мардуми тоҷик, халқи табиатан эҷодкор ва зотан шоири  мост. Хуҷастатарин вежагии маросим, ойину суннатҳои миллии мо дар он баён меёбад, ки онҳо на фақат армони миллӣ, фарҳанги қадима, орзуву ҳадафҳои баланди халқи моро муаррифӣ мекунанд, балки аксарашон ифодакунандаи армонҳои баланди башарӣ ҳастанд. Яъне орзуву омол ва армонҳои тамоми мардуми дунё, тамоми башар дар онҳо инъикос ётааст. Магар ин нишони хуҷастагии миллати мо нест?!

Ончунон ки дар Паёми навини худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ҷашнҳои миллӣ, суннатҳо ва фарҳанги дурахшони миллии мо пайваста дар олам мақоми байналмилалӣ касб мекунанд. Баъд аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи Аҷам, ба феҳристи мероси фарҳангии  ЮНЕСКО ворид гардидани “Шашмақом”, шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ва ҳунари мардумиамон “Чакан” мояи  ифтихор ва сарфарозии мо,  тоҷикон аст. Имрӯз кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат бар он равона шудаанд, ки мусиқии “Фалак”, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ аз ҷониби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ эътироф гарданд. Он рӯз дур нест, ки мо ба ин армонҳои неки худ низ расем. Ва чунонки Пешвои миллат дар Паёми навинашон гуфтанд: ”Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани  мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад”. Инак, дар рӯзҳои ҷашни Сада гулхани меҳру муҳаббати халқи фарҳангдӯст ва нексиришти тоҷик, гулхани истиқлолияту озодӣ  ва ваҳдату ягонагии халқамон дар осмони ватани соҳибистиқлоламон парафшон хоҳад шуд, то дар партави дурахшону сафобахши он мо боз ба ҳам оем ва нурҳои фурӯзони онро рӯшании роҳи фардои истиқлолияти бебаҳои давлати азизамон  гардонем.

         Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 


Back to the list