Кумитаи рушди сайёҳӣ ғолибони озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг
ва беҳтаринҳои сол дар соҳаи сайёҳиро эълон мекунад !
ДУШАНБЕ, 23.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои дар соли 2018 эълон намударо ҷиҳати муайян намудани беҳтаринҳои сол аз рӯи як чанд номинатсия ҷамъбаст мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, баҳри татбиқи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ 24 январи соли 2019 дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ» ҳамоиш оид ба ҷамъбасти озмунҳо дар соҳаи сайёҳӣ баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур озмунҳо аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин ширкати сайёҳии сол дар самти воридотӣ, беҳтарин ширкати сайёҳии сол дар самти дохилӣ, беҳтарин ширкати сайёҳии сол аз рӯи омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, роҳбалади беҳтарини сол, осоишгоҳи беҳтарин, беҳтарин меҳмонхона, беҳтарин ҳунарманди ороишгари санг, беҳтарин ҳунарманд оид ба истеҳсоли савғотии беҳтарин ба сайёҳон, таҳияи беҳтарин маҷмӯаи «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» ҷамъбаст мегарданд.