KGU

Вебинар дар мавзӯи «Навигариҳои самти тадрис ва омӯзиш дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ»

Вебинар дар мавзӯи «Навигариҳои самти тадрис ва омӯзиш дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ» 24.01.2019

Вебинар дар мавзӯи «Навигариҳои самти тадрис ва омӯзиш дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ»

     Таърихи 24.01.2019 аз соати 14:00 то 16:30 дар китобхонаи электронии донишгоҳ вебинар дар доираи барномаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар мавзӯи “Таълимдиҳии инноватсионӣ дар раванди таълимии  муассисаҳои таҳсилоти олӣ” баргузор гардид.

     Сараввал вебинарро роҳбари барномаи Рушди таҳсилоти олӣ дар Осиёи миёна Кристиан Вагнер оғоз намуда, намояндагони донишгоҳҳорро шинос намуд ва суханро ба модератори вебинар коршинос оид ба рушди таҳсилоти олӣ - Клауди Дондӣ дод. Клауди Дондӣ дар мавзуи “Усулҳои инноватсионӣ дар таълим: чӣ маъно дорад ва чаро зарур аст” баромад кард ва сухан ба академик Ҷилли Салмон-директори ТФ (таҳсилоти фосилавӣ)-и Британяи Кабир дода шуд, ки дар мавзӯи “Навоварӣ дар таълиму омӯзиш-ҳамчун асос барои тағирот даровардан дар таҳсили фосилавии соҳаи маориф” суханронӣ намуданд. Баъд аз ба анҷом расидани ду презентатсия дар бахши саволу ҷавоб иштироккунандагони вебинар оид ба мушкилиҳои мубрами таҳсилоти фосилавӣ, нақшаҳои таълимӣ, табодули донишҷӯён, курсҳои омӯзишии онлайн саволу ҷавоб намуданд.

     Дар қисмати дуввуми вебинар тариқи овоздиҳӣ намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Нархози Қазоқистон ва коршиносон Қирғизистон дар мавзӯи “Таҳқиқот бо истифодаи КОО (курсҳои омӯзишии онлайни)  омӯзиши омехта ва “Таълим инноватсионӣ дар доираи системаи таъминоти сифати таҳсили дохилӣ ва берунӣ”, баромад намуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони донишгоҳҳои Осиёи миёна ва Аврупо масъалаҳои мазкурро баррасӣ намуданд.

     Дар қисмати сеюм, Алан Тейт аз Донишгоҳи Британяи Кабир дар мавзӯи “Дастгирии донишҷӯён дар фазои таълими рақамӣ” ва Денес Зарка аз Донишгоҳи техноглогӣ-иқтисодии Будапешт дар бораи “Ҳамкориҳои онлайн ва таъсиси таҷрибаомӯзии таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ” баромад намуданд.

     Дар анҷоми вебинар масъалаҳое, ки дар презентатсия шунида шуданд, иштирокчиён баррасӣ намуда, фикру пешниҳодҳои худро тариқи онлайн-мактуб пешниҳод намуданд ва ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

     Вобаста ба вебинари мазкур иштирокчиён анкетаи пешниҳоднамудаи модератори барномаро пур намуда, ба почтаи электронии барнома фиристоданд. 


Back to the list