KGU

Маъракаи ниҳолу гулшинонӣ дар шаҳри Кӯлоб муташаккилона роҳандозӣ гардидааст !

Маъракаи ниҳолу гулшинонӣ дар шаҳри Кӯлоб муташаккилона роҳандозӣ гардидааст ! 27.01.2019

Маъракаи ниҳолу гулшинонӣ дар шаҳри Кӯлоб муташаккилона роҳандозӣ гардидааст !

           

Тибқи  амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 27.11.2018, таҳти №227 оиди шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан,  ороишӣ ва гулу гулбуттахо дар кӯчаю маҳала ва деҳаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб маъракаи ниҳолу гулшинонӣ муташаккилона роҳандозӣ гардидааст. Вобаста ба боду ҳаво кормандони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ  ниҳолу гулҳои гуногун шинонида истодаанд. Чунин маъраки дастаҷамъона рӯзҳои 26-27 январи соли кормандони КДФ «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Сангак Сафаров -50 бех, назди раёсати молияи шаҳри Кӯлоб-50 бех, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб- 150 бех, Ҷамоати деҳоти Зарбдор- 300 бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ  шинонида шуд. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб иҷроиши нақшаи ниҳолшинонӣ ба санаи 28 январи соли равон 63,2% нақшаро ташкил дода, 15800 бех  ниҳолҳо, аз ҷумла сояфкан- 10050 бех, ороишӣ -2050 бех, ҳамешасабз -3700 бех, гулу гулбуттаҳо 62147 дона, кишти майса- 5837 метри мураббаъ шинонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

 


Back to the list