KGU

Дар Душанбе Конфронси илмӣ–назарияви баргузор гардид!

Дар Душанбе Конфронси илмӣ–назарияви  баргузор гардид! 01.02.2019

Дар Душанбе Конфронси илмӣ–назарияви баргузор гардид!

Дар Душанбе Конфронси  илӣ – назарявии “Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон” доир гардид.

 

     31 январ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо Конфронси илмӣ— назариявӣ таҳти унвони «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур  роҳбарони  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва олимону муҳақкиқони ҷавон иштирок намуданд.  Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронс бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои   асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид. Иштирокчиёни конфронс дар мавзӯъҳои «Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии амалигардонии таҳсилоти муосир», «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оилавӣ», «Амалишавии меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти муосир дар маорифи кишвар», «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияи ғайринақдӣ миёни ҷавонон», «Раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши муҳоҷирати зеҳнӣ ва таълимӣ дар рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳсилоти фосилавӣ дар замони муосир», «Инноватсия дар фурудгоҳ», «Таҷрибаи «Алиф Сармоя» дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ», «Технологияҳои нав барои муҳоҷирон ва ҷавонон» ва «Хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар замони муосир» маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар кори конфронс масъалаҳои муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон бо иштироки васеи коршиносон, собиқадорони соҳа, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ҷавонони гуногункасб баррасӣ гардид.

Манбаъ: ДУШАНБЕ, 1.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.


Back to the list