“Лоихаи бунёди панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон ояндаи
наздик ба имзо мерсад”.
ДУШАНБЕ, 1.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Таҳияи лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба анҷом расонида, барои тасдиқ ба Федератсияи Россия фиристода шуд. Дар сурати ба имзо расидани он корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд. Дар ин бора муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, мактабҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бунёд карда мешаванд. Қитъаи замин барои сохтмони мактабҳо аллакай ҷудо гардидааст. Дар ҳамаи ин мактабҳо таҷҳизоти муосир насб карда мешаванд.
Дар ҷараёни нишаст масъалаи таъмини китобҳои дарсии русӣ ба Тоҷикистон низ ба миён омад.
Раҳматулло Мирбобоев дар ин хусус иброз дошт, ки соли гузашта аз Россия ба Тоҷикистон қариб 60 ҳазор китобҳо, аз ҷумла китоби дарсӣ ворид гардиданд. Китобҳои нав на танҳо ба 31 мактаби кишвар, ки бо забони русӣ таълим ба роҳ мондаанд, балки ба мактабҳои тоҷикӣ, ки дар онҳо забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад, тақсим карда шуданд. Илова бар ин, аз ин шумора 400 адад ба Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон барои тайёр кардани омӯзгорони мактабҳои миёнаи мамлакат супорида шуд.
«Имсол мо барои дастрас намудани китобҳои дарсии стандартикунонидашуда бо забони русӣ дархост намудем, вале то ҳол ҷавобро интизорем. Аз ин рӯ, дар вазорат қароре қабул карда шуд, ки воситаҳои таълимиро аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ тарҷума намуда, барои эҳтиёҷмандон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки таълимоташон бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, дастрас намоянд», — гуфт муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.