KGU

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» 30.01.2019

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»

                ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Вакили мардумӣ Бадриддин Садриддинзода зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. «Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар Қонуни амалкунанда, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммал гардонидани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, мушаххас намудани заминаи ҳуқуқии истиқлолияти озуқаворӣ ва татбиқи дастуру нишондодҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, таҳия шудааст», — илова намуд манбаъ. Бояд гуфт, ки  дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳои «амнияти озуқаворӣ», «озуқаи ҳаётан муҳим» ва «захираи давлатии озуқа» дар таҳрири нав ва 2 мафҳуми нав «бехатарии озуқа» ва «кафолати таъмини амнияти озуқаворӣ» ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 3, 7 ва 16 пешбинигардида мазмуни матни моддаҳои мазкурро саҳеҳ гардонида, самтҳои таъмини амнияту истиқлолияти озуқаворӣ, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҳадафи ташаккули захираи давлатии озуқаро мушаххас менамоянд


Back to the list