KGU

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ РАСОНАҲОИ ИТТИЛООТӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ РАСОНАҲОИ ИТТИЛООТӢ 05.02.2019

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ РАСОНАҲОИ ИТТИЛООТӢ

Санаи 5 фервали соли 2019 дар Донигоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеъи хабарнигорони минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ-доктор илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Абдулло Ҳабибулло оид ба фаъолияти муассиса дар соли 2018 маълумот дода, сипас миёни раёсат, роҳбарони сохторҳо ва рӯзноманигорон пурсишу посухҳо сурат гирифтанд.

Соҳаи маориф ва илм  самти афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад  ва маҳз дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26.12.2018 оид ба соҳаи маориф қайд намуданд, ки дар cоли 2019 нисбат ба соли 2018 7,2% зиёдтар маблағҳо ба самти илму маориф равона карда мешаванд.

    Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли таҳсили 2018-2019-ро бо як қатор дастовардҳо ҷамъбаст намуд, аз ҷумла, дар ин давра:

Ø   7 нафар устодон  рисолаҳои номзадӣ, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, аз оғози соли 2019 2 рисола ҳимоя гардид ва дар моҳҳои феврал-март ҳимояи 5 нафар омӯзгорону унвонҷӯён ба ҳимояи рисолаҳо иҷозатномаи Шӯроҳои диссертатсиониро гирифтаанд. 

Ø   22 нафар омӯзгорон ба рухсатии эҷодӣ равон карда шуданд;

Ø   5 нафар устодон рисолаҳои доктории худро таълиф  намуда, барои ҳимоя омода намуданд.

Ø   1 нафар (Мирсаидов М.) гирандаи Степендияи ҶТ «Дурахшандагон» гардид;

Ø   Тадбиқи лоиҳаи “Донишгоҳи электронӣ” шуруъ гардида барои назорати интизоми меҳнати кормандону омӯзгорон дар назди даромадгоҳи бинои маъмурӣ, факултаҳо, марказҳои имтиҳонотӣ барои назорати иштироки донишҷӯён ба имтиҳонҳоноти ҷорӣ таҷҳизоти бақайдгирии тариқи изи ангушт ба роҳ монда шуд;

Ø   ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои дорои унвони илмидошта Шӯрои муштараки диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯи ихтисосҳои 6D020500-филология, 6D 020300- таърих, 6D010300- педагогика ва психология дар ҳамҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев барои баррасӣ ба КОА назди Президенти ҶТ пешниҳод гардидааст;

Ø   маҷаллаи илмии Паёми донишгоҳ низ ба КОА ҷиҳати эътироф гардиданаш ҳамчун маҷаллаи тақризшаванда пешниҳод гардидааст;

Ø   Дар соли 2018  қарордоди ҳамкории Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  бо Донишгоҳи давлатии Москва бо номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Мордовияи ФР, Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Пскови ФР, Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи С.Сейфуллин, Филилаи Ассотсиятсияи Каритаси Олмон дар ҶТ, Донишгохи миллии Қирғизистон ба номи Ж.Баласагын, Донишгохи давлатии Мордовия ба номи Н.П. Огарёв, Донишгоҳи давлатии меъмории Москва, Донишгохи давлатии техникии Москва ба номи Э. Бауман, Донишгоҳи техникии Рига, Донишгоҳи полтхникии Бухарест, ҷамъ 18 Созишнома ба имзо расид;

Ø   Тибқи квотаҳои кишварҳои хориҷӣ барои соли таҳсили 2018-2019 1 нафар ба Академияи иқтисодиёт ва хоҷагии халқи назди Президенти ФР (Мирсаидов М-зинаи докторантура), 2 нафар ба донишгоҳҳои Ҳиндустон (Шоинов Т., Одинаев Ф.),  2 нафар ба Хитой (Хоҷаев М., Муродов Р.), 1 нафар Туркия, 1 нафар Федератсияи Русия (зинаи аспирантура) дар маҷмуъ 7 нафар барои идомаи таҳсил  сафарбар карда шудаанд;

Ø   Ҷиҳати ба роҳ мондани таҳсили фосилавӣ сомонаи низоми таҳсилоти фосилавӣ “MOODLE” таъсис дода шуда, дар шабакаи Интернет бо суроғаи fosilavi.kgu.tj тайи ду сол аст, ки фаъолият намуда истодааст. Зиёда аз 1185 нафар донишҷӯи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва 658 нафар омӯзгори донишгоҳ сомонаи мазкурро фаъолона истифода мебаранд. Маводҳои дарсии мултимедиявӣ, тестҳо, сабти видеоӣ ва дигар маводҳои таълимии электронӣ дар сомона аз тарафи омӯзгорон ҷой карда шудаанд.

Ø   Дар ин давра Сайфуддинов Фирӯз – сардори Маркази истеъдодҳои ҷавони донишгоҳ дар якчанд озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ (навоварӣ)» миёни ихтироъкорону навоварони ҷавон аз синни 14 то 30 сола сазовори ҷойи якум гардид, ки аз тарафи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, вазири маориф ва илми ҶТ, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии назди Ҳукумати ҶТ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардида, нахустпатенти дуюми худро соҳиб гашт.

Ø   Магистранти курси 2-юми факултаи физика ва математика Сулаймонов Убайдулло дар конфронсҳои дохилӣ ва берун аз он баромад намуда, ба якчанд ифтихорномаҳову дипломҳои ВМИҶТ, аз қабили «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», «Лоиҳаи беҳтарини инноватсионӣ дар истифодаи техника ва технологияи навин дар раванди таълим», “МАГИСТРАНТИ БЕХТАРИНИ СОЛ”, “СИПОСНОМА” сазовор гаштааст.

Ø   Дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзҳои 22-23 июни соли 2018 дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав шуда гузашт, ки донишҷӯёни донишгоҳ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд:

1.Авалов Бахтиёр - донишҷӯи курси 2, ихтисоси информатика, факултаи физика ва математика– аз рӯи ихтисоси технологияи информатсионӣ ҷои 2-юм;

2.Ҳисайнов Ҳусниддин, донишҷӯи курси 3, ихтисоси химия-экология факултаи химия, биология ва география – аз рӯи ихтисоси химия, ҷои 3-юм;

3.Шарипов Бедилҷон - донишҷӯи курси 2, ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона – аз рӯи ихтисоси назарияи иқтисодӣ- ҷои 3-юм;

4.Шерова Гулноза - донишҷӯи курси 4, ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ – аз рӯи ихтисоси забони русӣ, Ифтихорнома;

5.Ҳисайнов Ҳусниддин - донишҷӯи курси 3, ихтисоси химия-экология факултаи химия, биология ва география – аз рӯи ихтисоси химия, Ифтихорнома.

Дар  Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”:

1. Икромов Шодӣ – донишҷӯи курси 4, ихтисоси кори бонкӣ, факултаи молиявию иқтисодӣ аз фанни иқтисодиёт (ҷои 2-юм);

2.Бобоназаров Идибек – донишҷӯи курси 4, ихтисоси математикаи факултаи физика, аз фанни математика (ҷои 3-юм); 

2.Авалов Бахтиёр - донишҷӯи курси 2, ихтисоси информатика, факултаи физика, аз фанни информатика (ҷои 3-юм);  

3.Негматов Садриддин – донишҷӯи курси 5, ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз фанни сиёсатшиносӣ (ҷои 3-юм); 

 4. Раҳмонова Гулдона – донишҷӯи курси 3, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик (ҷои 3-юм).

Дар ин сол 26 нафар донишҷӯён донишгоҳро бо  ДИПЛОМИ АЪЛО хатм намуданд.

    87,3% омӯзгорон  ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб гардиданд, ки  нисбат ба соли гузашта 2% зиёд мебошад.

Дар муддат аз рӯи 9 мавзӯи фармоишии ВМИҶТ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шуданд.

Соли 2018 сомонаи “Паём” таъсис дода шуд, ки дар он мақолаҳои илмӣ ва шумораҳои маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб» ҷойгир карда мешаванд. Ҳамчунин, маҷалла ба Феҳристи иқтибосоти илмии Россия (РИНЦ) ворид карда шуд.    

Дар ин давра дар донишгоҳ сохторҳои нав:

Ø   Маркази таҳсилоти фосилавӣ;

Ø   Муассисаи такягоҳии литсей барои  хонандагони  лаёқатманд дар ш.Кӯлоб;

Ø   Кӯдакистони назди донишгоҳ

Ø   Маркази касбомӯзии Муъминобод

Ø   Аз 1.01.2019 факултаи “Фарҳанг ва санъат” таъсис дода шуданд.

Ø   Бо Қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Шведсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби Иҷозатнома (литсензия) ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (Ҷоиза) гардид.

Ø   Дар назди донишгоҳ муҷассамаи  устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат афрохт.

Ø   Варзишгарони донишгоҳ Шоимардонов Хайрулло - ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мусобиқаҳои байналмилалӣ: (дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷойи аввал, дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек дар масофаи 10-ҳазор метр сазовори ҷойи дуюм ва дар масофи 5-ҳазор метр сазовори ҷойи сеюм, дар мусобиқаи ниммарафони байналмилалӣ дар сину то 31 сола,  ки дар шаҳри Бишкеки  Ҷумҳурии Қирғизистон  сазовори ҷои дуюм, дар мусобиқаи ниммарафонии байналмилалӣ дар шаҳри  Шимкенти  Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷои чорум гардид.

Ø   Дастаи волейболбозони духтаронаи донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюм  иштирок  намуда,  сазовори ҷойи якум гардида, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Соли 2018 дастовардҳои варзишии донишҷӯёни донишгоҳ низ назаррас арзёбӣ гардид.

Ø   Варзишгарони донишгоҳ Сорбон Латифов - донишҷӯи соли 3-юми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо байни 93 давлати дунё дар шаҳри Сочии ФР дар вазни 62 кг сазовори ҷойи 3-юм ва барандаи медали биринҷӣ, Раҳимов Биноӣ  - донишҷӯи курси 4-уми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ  шуъбаи рӯзона ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ дар 1-умин чемпионати кушоди Осиё оид ба тейквандо ВТФ, ки дар Ҷумҳуриии Қазоқистон байни 4 давлат Узбекистон, Филипин, Россия, Ҳиндустон, Кореяи ҷанубӣ баргузор шуд,  сазовори ҷойи 3-юм ва варзишгари беҳтарини мусобиқа дониста шуд ва Муродов Фазлиддин - донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо дар мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ аз рӯи варзиши “ҶИЮ ҶИТСУ” сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид.

Ø   Дар маҷмӯъ, варзишгарони донишгоҳ 38 медали тилло, 52 медали нуқра, 61 медали биринҷӣ, 84 ифтихорнома ба даст оварданд.

Дар соли 2018 ба омӯзгорону кормандон ба маблағи  966671 сомонӣ мукофотпулӣ, 244450 сомонӣ, ба маблағи 3250 сомонӣ ба беморони бистарӣ кӯмакпулӣ дода шуда, ба 519 нафар омӯзгорону донишҷӯён ба маблағи 202 896 сомонӣ  сафархарҷӣ масраф гардидааст. шуд.



Back to the list