KGU

Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди модар – Алла».

Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди модар – Алла». 06.02.2019

Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди модар – Алла».

«Суруди модар- Алла». Таҳти ин ном бахшида ба Рӯзи Модар дар Тоқикистон Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

          

              ДУШАНБЕ, 6.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди модар – Алла» баргузор менамояд. Фестивали мазкур ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба занону модарони тоҷик бахшида мешавад. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Кумита миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, варзишгарбонувон ва модарони рӯзгордида як зумра барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ баргузор карда мешаванд. Кумита тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш таҳти унвони «Нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ», озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол», барномаи тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар», семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки  ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд баргузор намояд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирии занони деҳот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  як зумра тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шудаанд. Таъсиси стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ ва грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ҷавондухтарони деҳоти дурдасти мамлакат намунаи волои таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон мебошад.


Back to the list