KGU

Озмуни эҷодии “Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад”

Озмуни эҷодии  “Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад” 08.02.2019

Озмуни эҷодии “Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад”

          Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба хотираи шаҳидони ҶБВ (1941) ва ҷанговарони башардӯсти ҷанги Афғонистон озмуни эҷодии “Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад”, ки аз ҷониби фармондеҳии дивизияи 201 ФР дар ҶТ эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид. Иштирокчиёни озмун - дастаҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии ш. Кӯлоб аз рӯи номитнатсияҳои навиштани мақола, мусоҳиба бо шоҳидони воқеоти ҷангӣ дар мавзӯи “Рафъи блокадаи Ленинград”, бахшида ба 75 солагии блокадаи Ленинград (1941-1944) байни ҳам рақобат намуданд. Дар ҳамин зимн аз ҷониби иштирокчиёни озмун мақолаҳо, мусоҳиба, қироати порчаҳои шеърӣ, саҳнаҳои давраи ҷанг, суруду таронаҳои ҳарбӣ пешниҳод гардиданд, ки хеле ҷолиб буд. Дар ин ҳамоиш ба ҷанговарони башардӯсти ҷанги Афғонистон роҳбарони донишгоҳҳо ва иштирокчиёни фаъоли озмун медалҳои ҷашнии 20 солагии “Боевое братство”, 30 солагии баровардани қушунҳои шуравӣ аз хоки Афғонистон ва ифтихономаҳо тақдим карда шуд.

 





Back to the list