ДУШАНБЕ 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Радио дар замони муосир яке аз воситаҳои фарогири расонидани иттилоот ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад. Ба ин хотир дар тамоми ҷаҳон Рӯзи радио таҷлил карда мешавад. Имрӯз, 13 феврал Рӯзи ҷаҳонии радио ҷашн гирифта мешавад. Заминаи пайдоиши ин ид маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2011, зимни баргузории Конфронси 36-уми генералии ЮНЕСКО ба миён омад. Дар ин рӯз Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ба Конфронси генералӣ тавсия дод, ки Рӯзи ҷаҳонии радиоро эълон кунад. Ҳамин тавр аз соли 2012 то инҷониб 13 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари мо ҳамасола 7 май Рўзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад. Радио воситаи беҳтарини расонидани иттилоот ба самъи шунавандагон мебошад. Он ба ҳама дастрас буда, дар замони ҳозира тариқи телефони мобилӣ, компютер, планшет ва интернет ҳар як нафар метавонад ба таври васеъ аз он истифода барад. Тариқи радио мардум метавонанд ба ҳамдигар паём расонда, суруду мусиқиҳои дилхоҳи худро дархост кунанд. Ҳатто дар замони имрӯза тариқи радио хариду фурӯш низ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз роҳҳои осони тиҷорат мебошад. Дар маҷмӯъ, радио яке аз дастрастарин ВАО ба ҳисоб меравад. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фазои иттилоотии он дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар баробари дигар намудҳои ВАО радиоҳое низ таъсис дода шуданд, ки барои иттилоотонии мардум саҳм мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад. Имрӯз шабакаҳои давлатии Радиои Тоҷикистон, «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Овози тоҷик», «FM- Ховар», радиоҳои ғайридавлатии «Азия-Плюс», «Ватан», «Имрӯз», «Русское Радио Ориёно» ва чандин радиои дигар фаъолият намуда, дар ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии мамлакат саҳм гузошта истодаанд. Радиои «FM-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз ҷумлаи радиоҳоест, ки имрӯз ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дорад.
Тавре директори Радиои «FM Ховар» Саидҷаъфар Ашурзода зимни суҳбат зикр намуд, «Радиои «FM Ховар» 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Даставвал садои Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он пахш мегардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ, фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд». Мавсуф ҳамчунин илова намуд, ки соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM- Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи он ҳамин аст, ки Радиои «FM Ховар» нахустин радио дар Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи АМИТ «Ховар» www.кhovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ қарор гирифт. Радиои мазкур ба таври шабонарӯзӣ барномаҳои хабарӣ пешниҳод мекунад, ки аз соати 7:00 то 24:00 ҳар ним соат ва аз 24:00 то 6:00-и субҳ ҳар соат садо медиҳанд. Имрӯз метавон гуфт, ки радио дар ҳаёти мардум нақши басо муассир дорад, зеро тавре дар сомонаи расмии СММ омадааст: «Радио метавонад тамоми қишрҳо, ҳатто табақаҳои осебпазири ҷомеаро фарогир бошад, ба онҳо имконият фароҳам орад, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа ширкат варзанд. Зиёда аз ин, радио ҳангоми ҳолатҳои фавқулода нақши барҷаста бозида, кумакрасонӣ зимни офатҳои табииро осон мекунад».