ДУШАНБЕ, 13.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид.
Дар зер матни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дигар замимаҳо ба Амри Сарвари давлат ҷой дода мешаванд.
А М Р И
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2019 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
6. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
№АП-1165
9 феврали соли 2019
Замимаи 1 ба Амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, № АП — 1165
НИЗОМНОМАИ
озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…»
I.Муқаррароти умумӣ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
II.Масъулони озмун
3. Масъули асосии озмун Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Мутасаддии баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикони баргузории озмун ҳастанд.
6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул мебошанд.
7. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо масъулияти баргузории озмун ба зиммаи раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, маънавиёт ва фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад.
8. Барои сафарбар кардан ба хондани китоб ва аз худ намудани порчаҳои назмию насрӣ, инчунин тарғиби васеи он сохторҳои марбута ва васоити ахбори омма масъул мебошанд.
III. Комиссияи озмун
9. Масъули баргузории озмун комиссияи озмун мебошад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
10. Салоҳияти комиссияи озмун:
— ба танзим даровардани ҷадвали баргузории озмун;
— назорати баргузории саривақтии озмун;
— таҳияи талабот ва дигар тавсияҳое, ки барои озмун зарур мешаванд;
— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот;
— риояи талаботи озмун ва расонидани тавсияҳо ба довталабони озмун;
— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон.
IV.Тартиби баргузории озмун
11. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи январи соли 2019 то моҳи декабри соли 2019 идома меёбад. Аз аввали моҳи январ то 10 июни соли 2019 барои хондани асарҳо ва аз ёд кардани шеъру достонҳо (интихоби жанр, хондани асар ва миқдори аз худ кардани мисраъ ба қобилияти иштирокчӣ вобаста аст) вақт дода мешавад.
Даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи июн дар маркази деҳот ва шаҳрак ҷамъбаст мегардад.
Даври дуюми озмун моҳи июл дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад.
Аз охири моҳи июл то охири моҳи октябр ба мақсади хондани китоб ва аз ёд кардани ашъори адибон барои ғолибоне, ки дар озмуни вилоятӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд, вақти иловагӣ дода мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз ин вақти иловагӣ истифода карда, ба ҷамъбасти даври чорум омодагӣ мегиранд. Озмуни даври чорум барои ин шаҳру ноҳияҳо моҳи ноябр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Даври сеюми озмун дар маркази вилоятҳо, шаҳри Душанбе нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор мешавад.
Хулосаи ҳайати ҳакамон ба комиссияи озмун бо имзои раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
Даври чоруми озмун барои ғолибон то 20 декабри соли 2019 дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мешавад.
12. Ҷойи баргузории даврҳо дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
13. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм, сеюм бар уҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ) вогузор карда мешавад.
14. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ намоиш дода шуда, инчунин сабти овози иштирокчиён дар радиоҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пахш карда мешаванд.
15. Барои омода кардани ҷойи баргузории озмуни даври чорум муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» муваззаф шуда, дар маркази деҳоту шаҳрак, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо китобхонаҳои деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоят сафарбар карда мешаванд.
16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври чоруми озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…» даҳаи якуми моҳи декабр муқаррар карда мешавад.
17. Беҳтарин иштирокчиёни даври якум, дуюм ва сеюми озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
18. Омўзгорон ва устодоне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Сипоснома»-и муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сарфароз карда мешаванд.
V. Шартҳои иштирок дар озмун
19. Дар озмун табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар иштирок менамоянд.
20. Шартҳои озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.
21. Барои аз худ кардан ва хондан ба низомнома рўйхати асарҳо пешниҳод карда мешаванд (замима мегардад).
Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати аз худ кардан ва хондани осор бартарӣ дода мешавад.
Ба хонандагон ва донишҷўён (бакалавру магистр), ки аз меъёри муайяншуда бештар асарҳои бадеӣ аз худ мекунанд ва мехонанд, бартарӣ дода мешавад.
Ҳар як довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, ба ҳайати комиссия ва ҳакамон маҳорату малака ва қобилияти аз худ кардан ва хондани ашъори адибонро пешниҳод менамояд. Аз ҷумла:
— ба довталаб барои аъзои фаъоли китобхона буданаш низ хол дода мешавад;
— ба тарзи нақл ва оҳанги қироати иштирокчӣ хол дода мешавад;
— ба мавзўъҳои инсондўстӣ, хайру саховат, некию накукорӣ, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дўстию бародарӣ, Ватану ватандўстӣ, Тоҷикистон, сулҳу субот бартарӣ дода мешавад;
— довталаб дар аз худ кардан ва хондани осори адабиёти классикӣ, муосир, бачагона, шифоҳӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст;
— довталаб метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ: афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгўяк, латифа ва ғайраҳо истифода намояд;
— як ҳафта пеш аз озмун довталаб рўйхати асарҳои хондаашро бо гузоштани имзои худ, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо суроғаи макони фаъолияти ҳакамон ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тариқи воситаҳои ахбори омма ва масъулони озмун эълон менамоянд;
— ҳайати ҳакамон аз рўи ин рўйхат довталабро ба озмун роҳ медиҳанд ва аз маҳорату истеъдоди ў натиҷагирӣ карда, суратҷаласа тартиб медиҳанд;
— ҳайати ҳакамон холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;
— натиҷаи озмун дар суратҷаласа дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.
VI. Талабот ба довталабони озмун
22.Маҳорату истеъдоди довталабон аз рўи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешавад:
— барои довталабон хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ иҷозат дода мешавад;
— хондани шеър аз жанрҳои лирикӣ, аз ҷумлаи ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достон ва дигар навъҳои адабии манзум озод аст;
— афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар намудҳои осори шифоҳии халқ иҷозат дода мешавад;
— аз худ кардан ва хондани осори адибони ҷаҳон низ тавсия шуда, дар озмун ба инобат гирифта мешавад.
VII. Меъёри арзёбии ғолибони озмун
23. Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рўи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:
— шарҳи мухтасари асар;
— маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;
— баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;
— озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;
— ҳунари ровӣ ва наққолӣ;
— қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;
— дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;
— таассуроти довталаб аз хондани осор.
Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад.
Барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди наққолӣ, инчунин тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Ба ҳар як довталаб инчунин аз рўйи осори пешниҳодшудаи банди 21 10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол як холӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
VIII. Ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун
24. Миқдори ҳайати комиссияи озмун дар асоси банди 9 амалӣ мегардад. Ҳайати ҳакамон дар асоси банди 26 ҳамин Низомнома муайян карда мешавад.
25. Ба комиссияи озмун салоҳият дода мешавад, ки рафти озмунро назорат намояд, тавсия ва тавзеҳод таҳия ва тасдиқ кунад, назару пешниҳодоти ҳайати ҳакамонро баррасӣ созад, ба номинатсияҳо тағйироти иловагӣ ворид гардонад ва ба арзу шикояти довталабон ҷавоб диҳад.
26. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳраку деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳоро раисони шаҳр, ноҳия ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд.
27. Ба ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омўзгороне, ки завқи баланди хондан ва аз ёд кардани осорро доранд, шоирону нависандагони маҳаллӣ, олимону рўзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдўстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил мешаванд. Миқдори аъзои ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
28. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи ҷумҳуриявии озмун баррасӣ ва тасдиқ мешавад.
29. Комисияи озмун натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои мувофиқа ва тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.IX. Таъминоти молиявии озмун
30. Хароҷоти даври якум, дуюм, сеюм ва сафарбаркунии ғолибон ба даври чоруми озмун аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) амалӣ карда мешавад.
31. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун, ба истиснои ҷойи хоб, аз суратҳисоби махсуси муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
32. Ба ғолибони даври чорум тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад (замимаи 2).
Тартиби пешниҳод ба ҷоиза ва мукофоти пулиро барои даври чоруми комиссия озмун омода намуда, бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мекунад.
Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тартиби мукофот ва ҷоизаро раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
33. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.X. Тартиби иштирок дар даври ниҳоии озмун
34. Барои иштирок дар даври чоруми озмун маводи зерин ба комиссияи ҷумҳуриявии озмун пешниҳод мешавад:
— маълумотнома дар бораи довталаб;
— асарҳои мутолиашуда;
— миқдори ашъори азёдшуда;
— маҳорати суханронӣ ва суханварӣ, ровигӣ ва наққолӣ;
— қобилияти эҷодӣ;
— суратҷаласаи ҳайати ҳакамони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.
Суроға: шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, кўчаи Теҳрон, 5. E—mail: info@kmt.tj
1. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси комиссия;
2. Вазири маориф ва илм – муовини раиси комиссия;
3. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;
4. Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», муовини раиси комиссия;
5. Муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.
Аъзои комиссия:
6. Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш;
7. Раиси кумитаи кор бо занон ва оила;
8. Муовини вазири фарҳанг;
9. Раиси Иттифоқи нависандагон;
10. Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»;
11. Сармуҳаррири нашриёти «Адиб»;
12. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
13. Директори институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Равшани Махсумзод – мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
15. Муҳаммад Ғоиб – шоири халқии Тоҷикистон ;
16. Абдулҳамид Самадӣ – Нависандаи халқии Тоҷикистон;
17. Ҷумъа Қудус – сармуҳаррири маҷаллаи «Помир»;
18. Русакова М.В. – мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон ва Россия;
19. Муртазо Зайниддинзода — мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ – форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
20. Раънои Мубориз – муовини сармуҳаррири «Адабиёт ва санъат»;
21. Восиева Рухшона – мудири кафедраи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
Замимаи 3 ба Амри
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2019, №АП — 1165
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик;
— номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
— номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
— номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон
Ҷоизаҳои зерин барои ғолибони озмун муқаррар шудааст:
1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик:
1.Ҷойи якум — 35000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
2.Ҷойи дуюм — 25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
3.Ҷойи сеюм — 25000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
2.Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик:
4.Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
5.Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
6.Ҷойи сеюм -15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
3.Номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик:
7. Ҷойи якум -30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
8. Ҷойи дуюм — 20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
9. Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон:10. Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
11. Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
12. Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба унвони барандаи ҷоиза;
5. ШОҲҶОИЗА
Шоҳҷоизаи озмун–50000 сомонӣ
Шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Шарҳ: Довталабоне, ки аз ҳар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, ҳакамон метавонанд иловатан ба ҳунару истеъдоди онҳо холгузорӣ намоянд. Он бояд ҳатман дар суратҷаласа (миқдор ва теъдоди онҳо) қайд гардад ва имзои раис ва аъзои ҳакамон дар он гузошта шавад. Барои довталаб маҳдудият мондан шарт нест. Ҳакамон дар мувофиқа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандҳои алоҳидаи номинатсия пешниҳод манзур намоянд. Комиссия пешниҳодҳои ҳайати ҳакамонро баррасӣ карда, дар асоси овоздиҳии кушода онҳоро дастгирӣ ва ё рад менамояд.
Эзоҳ: Маблағи умумӣ барои мукофот: 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ).
Мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд.
Тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонда мешаванд.