Дар таърихи 15.02.2019 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ як гуруҳ Намояндагони агенти назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур оварданд. Мақсад аз ташриф ба донишгоҳ ин “Расонидани муҳтавои Паёми пешвои миллат” буд. Ва ин чунин доири мавзуи зерин бо донишҷӯёни донишгоҳ сӯҳбат оростанд ва фаҳмондадиҳи карданд: “Пешгирии нашаманди дар байни ҷавонон”. Дар суҳбати донишҷӯён ва фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми имсола ҳузур доштанд:
1. Абдулозода Муҳаббат – сардори Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати агенти назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷ.Т. дар вилояти Хатлон.
2. Раҳмонзода Раҳмон – муовини сардори шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати агенти назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷ.Т. дар вилояти Хатлон.
3. Тағева Сайлонбӣ – сармутахассиси маркази вилоятии бемориҳои наркологи дар минтақаи Кӯлоб.
4. Раҳимзода Самандар – ваколатдори фаврии Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати агенти назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷ.Т. дар вилояти Хатлон.