KGU

Иштироки омӯзгорон дар Конференсияи ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илми муосир”

Иштироки омӯзгорон дар Конференсияи ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илми муосир” 18.02.2019

Иштироки омӯзгорон дар Конференсияи ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илми муосир”

Ҳамасола санаи 11 феврал “Рӯзи умумиҷаҳонии занону духтарон дар илм” тибқи қарори СММ дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Конференсияи ҳамасолаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва АИ ҶТ “Саҳми занон дар рушди илми муосир” маротибаи 6-ум баргузор гардид. Дар даромадгоҳи АИ ҶТ   ҳунарҳои мардумӣ, бахусус заргарӣ ба намоиш гузошта шуда, конфронс бо сухании ифтитоҳии муовини Президенти АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова оғоз гардида, дар идомаи он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, доктори имлҳои педагогӣ Қосимзода Идигул, муовини Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Зафар, Раиси кумита оил ба илм, маориф ва фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои математика Лутфияи Раҷабовҷа, Роҳбари Дафтари СММ-Занон дар Тоҷикистон Азиза Ҳамидова, узви вобастаи АИ ҶТ, Директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ Гулчеҳра Қоҳирова маърӯза ва суханронӣ намуданд. . Сипас конференсия кори худро дар 2 бахш идома дод.   Аксарияти маърӯзаҳои омӯзгорони мо Худойдодова Ш.З, Асоева К.А, Носирова О., Худойдодова О.З., Абдуназарова З. Ҳакимова З. Худойдодова Ш.З. , Файзуллоева Ф., Ҳалимова М., дар бахши дуюм – Филология ва педагогика    шунида шуданд. Бояд қайд намуд, ки ба кори конференсияи мазкун 29 мақолаҳои занону бонувони донишгоҳ   фиристода шуда буд. Худи ҳамон рӯз кори конференсия ҷамъбаст гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи роҳбарони бахшҳо шунида шуданд. Ба ҳамаи иштирокчиёни конференсия СЕРТИФИКАТи иштирокчӣ супорида шуд.


Back to the list