ДУШАНБЕ, 21.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардида буд. Дар робита ба ҳифзи забони модарӣ ва нақши он дар ҳувияти шахс хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Саодатшо Матробиён суҳбат намуд. АМИТ «Ховар»: Имруз дар тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Рӯзи забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Мехостем бифаҳмем, забони модарӣ дар ҳувияти шахс чӣ гуна нақш дорад? Саодатшо Матробиён: Забони модарӣ яке аз нишонаҳои аввалини мансубияти этникӣ ва миллии ҳар шахс маҳсуб мешавад. Яке аз вазифаҳои забон ин аст, ки шахсро бо ниёгонаш пайванд мекунад ва маҳсули маънавии ӯ асоси худшиносии миллӣ мегардад. Олими намоёни немис В. фон Ҳумболдт забонро қувваи маънавии муттаҳидкунандаи соҳибзабонон ва бунёди ақидаву эҳсосоти ҳар қавм меномид. Забоншинос А.А. Потебня дар забон нуқтаи марказии маънавии этносро дарк намуда, онро ягона нишонаи фарқнунандаи халқ номидааст. Директори Генералии ЮНЕСКО К. Матсуур дар яке аз баромадҳояш бахшида ба Рӯзи байналмилали забони модарӣ зикр мекунад: «Барои он ба забони модарӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад, ки забон инъикоскунандаи нотакрори эҷоди инсоният дар раванди таҳаввули ӯ мебошад. Ҳамчун воситаи муошират, дарк ва мулоҳиза забон низ ҳамон чизеро тафсир медиҳад, ки мо ҷаҳонро мебинем. Инчунин робитаи дирӯз, имрӯз ва фардоро барқарор менамояд… Забонҳои модарӣ барои он беҳамтоянд, ки чӣ нақшеро, ки онҳо дар шахс аз рӯзи мавлудаш мегузоранду диди махсуси чизҳоро ба ӯ ато мекунанд, он воқеан ҳеҷ гоҳ нест намешавад. Ин новобаста ба он аст, ки шахс минбаъд бо чанд забон гуфтугӯ мекунад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ — ин як василае барои ворид шудан ва ошноӣ пайдо намудан бо диди ҷаҳони дигар, бо рафтору муносибат мебошад». Хушбахт халқу миллатест, ки бо забони модарии худ андеша мекунад, мулоҳиза менамояд, таҳлилу баррасӣ мекунад ва бо ҳам суҳбат менамоянд. Таърих забонҳои зиёдеро ёд дорад, ки замоне онҳо ҳамчун забони абарқудрат истифода мешудаанд. Вале бо гузашти айём бо сабабҳои дохиливу берунӣ аз арсаи таърих нопадид гаштаанд. Албатта, забонҳо беихтиёр ба таҳаввулоти дохилӣ дучор мегарданд, ки аз ин раванд забон роҳи халосӣ надорад, аммо он хеле оҳиста ба вуқӯъ меояд, ки соҳибзабонон аз он дарак намеёбанд. Бо роҳи берунӣ таҳти таъсири ҳодисаҳои таърихӣ дигар шудани забон фоҷиаи сахт ва ҳузнангез аст.