Мувофиқи созишномаи байни Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” ва вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. санаи 22.02.2019 озмуни интихоби номзадҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил намудан дар Федаратсияи Россия аз ҳисоби буҷаи давлати мазкур тариқи Квота дар соли 2019-2020 гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур зиёда аз 50 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минқаи Кӯлоб иштирок намуданд.