ДУШАНБЕ, 26.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» ба тасвиб расид. Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муайян карда шудааст. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2019 – 2022-ро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории онро таъмин менамоянд.