KGU

Дар Душанбе вазъи корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ гардид

Дар Душанбе вазъи корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ гардид 26.02.2019

Дар Душанбе вазъи корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ гардид

       ДУШАНБЕ, 26.02.2019/АМИТ «Ховар»/. «Вазъи корҳои  маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» дар ҳамоише, ки  имрӯз дар Маркази  тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҳузури  кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони вазорату идораҳои марбута, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва коршиносону намояндагони воситаҳои  ахбори оммаи мамлакта доир шуд, баррасӣ гардид. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвиз Муҳаммадзода дар ҳамоиш зикр кард, ки тақвияти  вазъи корҳои  маърифатӣ, сиёсиву идеологӣ  дар ҷомеаи Тоҷикистон  яке  аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар  таъмини  сулҳу суботи мамлакат ва  рушди давлатдории миллӣ ниҳоят бузург аст. Инчунин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Масрур Абдулло  доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти  пешбурди  корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ дар ҷомеа ибрози назар карда, афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ  корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  бо назардошти авзои минтақа ва ҷаҳон тақвият меёбанд. Иштирокдорони ҳамоиш  доир ба нақш ва ҷойгоҳи   корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар низоми муосири давлатдорӣ миёни ҷавонон, аҳамияти корҳои  маърифатӣ дар муҳити  деҳот ва  фазои динии кишвар, инчунин нақши ВАО-и электронӣ, чопӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар низоми корҳои маърифатӣ  (сиёсию идеологӣ) сухан карданд. Зикр шуд, ки дар ҳар давру замон ҷомеа бо  тақвияти корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ  рушд ва ташаккул меёбад. Дар ин росто,  бо дарназардошти  равандҳои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, хусусан сиёсатҳои баъзе аз кишварҳои қудратманди ҷаҳон, ба майдон  омадани  ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ,  тарғиби  фарҳанги ғарбӣ тавассути киноҳо  ва дигар шабакаҳои иҷтимоию ВАО  дар шароити кунунӣ зарур аст, ки  маърифат ва сатҳи сиёсию идеологии ҷомеа тақвият ёфта, назорат дар ин самт ҷоннок гардонида шавад.

Иштирокдорони ҳамоиш инчунин доир ба дигар паҳлуҳои  вазъи корҳои  маърифатӣ, сиёсию идеологӣ дар кишвар,  мушкилот ва дурнамои он табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд манзур  намуданд.


Back to the list