KGU

Вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли гурўҳи “Авангард

Вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли гурўҳи “Авангард 26.02.2019

Вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли гурўҳи “Авангард

Маълумотнома

Санаи 21.02.2019 дар толори маљлисии бинои маъмурии    Акдемияи ВКД ҶТ вохўрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли гурўҳи “Авангард” баргузор гардид.

Аз донишгоҳ 17 нафар донишҷў - аъзои гурўҳи ҷавонони “Авангард”-и назди ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурўҳи ноҳияњои Кўлоб дар вохўрии мазкур иштирок доштанд.

Дар рафти чорабини роҳбарияти ВКД ҶТ ҷавонони дар соли сипаришуда фаъолбудаи гурўҳи мазкурро барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, иштироки фаъолонаи донишҷўён дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, хониши хубу аъло, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, бо туҳфаҳои молию пулӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардониданд.

Дар ин миён донишҷўёни донишгоҳ низ ба таври зайл қадрдонӣ гардиданд:

1.     Ҷалилов Меҳроб – донишҷўи курси 4-уми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика, бо медали “Барои мусоидат”-и ВКД ҶТ;

2.     Ҳасанов Абдурањмон – донишҷўи курси 4-уми факултаи физика ва математика, бо “Ифтихорномаи фахрӣ;

3.     Шоева Дилноза – донишҷўи курси 3-юми факултаи молиявию иқтисодӣ, бо “Ифтихорномаи фахрӣ”;

4.     Муродов Муҳаммад – донишҷўи курси 3-юми факултаи молиявию иқтисодӣ, бо “Раҳматнома”;

5.     Шоева Моҳира – донишҷўи курси 1-уми факултаи химия, биология ва география, бо “Раҳматнома”;

6.     Шарипова Сабрина – донишҷўи курси 2-уми факултаи филологияи хориҷӣ, бо “Сипоснома”;

7.     Барфакзода Фазилатмоњ – донишҷўи курси 2-уми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика, бо “Либоси атлас”:

8.     Ҳусейнова Шаҳноза – донишҷўи курси 3-юми факултаи молиявию иқтисодӣ, бо “Либоси атлас”;

 



Back to the list