Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб санаи 28- уми феврал конференсияи ҷамъиятии илмии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба яке аз мавзӯхои доғи рӯз, терроризм, экстремизм доир карда шуд.
Ёдовар мегардем, ки ҷамъияти илмии донишҷуён аз аз 100 нафар донишҷӯён иборат буда, аз ҷониби яке аз рӯзноманигорони шинохта, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеъа, ховаршинос Зафар Мирзоён таъсис дода шуда, максад аз таъсиси он баланд бардоштани дониши сиёсии донишҷуён, роҳнамоӣ кардани онҳо ба меҳанпарастиву ватандустӣ мебошад.
Баромадкунанда - унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ Ҷураев Далер дар мавзӯи «Терроризм ва экстрмизм дар либоси ислом» баромад намуда изҳор дошт, ки кибертеррористон аз эътиқоди динии мардум истифода намуда, амалҳои ғайриинсонии хеш террор ва дахшатафканиро иҷро мекунанд.
Террористон хуб дарк кардаанд, ки дин ин беҳтарин васила барои ба ҳам омадани халқият ва миллатҳо ба шумор мераванд ва барои ин амалҳои худ аз эътикоди динии ҷавонони камхирад ва ноогоҳ истифода менмоянд.
Бахусус роҳбари ҳизби терористии наҳзати ислом Мухиддин Кабирӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 нафар ҷавононро ба хориҷи кишвар барои гирифтани таълими ғайрирасмӣ фиристода мехостанд ба онҳо таълими террористӣ дода ба ватан фиристонанд. Вале чун дигар амалхои номатлубашон ин тири марговари онҳо низ хок хурд аз тарафи давлат аксари ин ҷавонон ба ватан баргардонида шуданд.
Наҳзатиҳо асосан бо шиори «агар куштӣ ғозӣ ва агар кушта шавӣ шаҳид мешавӣ» амал карда, моҳи сентябри соли 2015 мехостанд давлатро чун солхои 90-ум ба хоку хун кашанд. Вале имрӯз давлати Тоҷикистон чун солҳои 90-ум нест ва намегузорад, ки ба амнияту суботи мардум халал ворид карда шавад.
Донишҷӯ, сокини Ҷумхурии Афгонистон Мухамадрахими Хуросонӣ, ки аз ваҳшониятҳои террористон огоҳ аст, изҳор дошт, ки мо аз ҷумлаи он курбониёне ҳастем, ки гирифтори терроризм ва экстремизм ҳастем. Мухаммадрахими Хуросонӣ дар ин маврид шеъреро қироат намуд:
Хаста аз ҳаҷри замона
Беватан беошёна
Ай парастуи мусофир
Дар ғуруби бенишона
Афғонӣ афғонӣ,
Вориси вайронӣ
Сипас наворҳои солхои 60-70-уми Афғонистон ба донишҷӯён намоиш дода шуд, ки қонун амалӣ мегашту мардум осуда буданду озод.
-Акнун, мегуфт Мухаммадрахим, -моро касе дар ҷое қабул намекунанд ва хамчун террорист ном мебаранд. Мо бадномтарин миллат шудаем. Дар Афғонистон гӯруҳҳои террористии ДИИШ ва Толибон ҷиходро фарз медонанд. Аз ин рӯ мо бояд сиёҳро аз сафед ташхис диҳем ва нагузорем, ки рӯзи шуми мардуми афғон ба сари дигар мардумон биёяд.
Сипас наворҳое аз Чумҳурии Афгонистон ба тамошо гузошта шуд, ки дар навори аввал қариб чил мард ҷамъ омада занеро сангсор мекарданд ва дар навори дигар мардон ҷамъ омада занеро қамчинкорӣ мекарданд.
Аз наворхо бар меомад, ки дар Афгонистони ҷангзада вахшонияти асримиёнагӣ то ҳол хукмфармост.
Донишҷӯ Насимҷони Аъзам оид ба нақши рӯзномахо дар муковимат бо терроризм суханронӣ намуд.
Ӯ изхор дошт, ки равшанфикрони мо дар ин бора маколахои зиёде ба нашр расонидаанд ва минбаъд низ ба нашр мерасонанд.Имруз яке аз тасмимхои Васоити ахбори омма он аст, ки тамоми расонаҳои хабариро ба дасти худ гиранд ва нагузоранд, ки кибертерроризм ғолиб ояд.
Дигар ин ки дар вақти посух гуфтан ба онҳо мо бояд ба террористон на бо ҳакорат, балки бо далелҳои муътамад чавоб гардонем.
Сипас иштирокчиён ба саволҳои худ аз намояндагони ҷамъияти илмии донишҷӯён чавоби қонеъкунанда ва мушаххас гирифтанд.