ДУШАНБЕ, 28.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 марти соли равон бахшида ба Рӯзи Модар Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор мегардад. Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивали мазкур дар толори «Кохи суруш» доир гардида, дар он қариб 700 нафар кормандони вазорату идораҳо, занони барӯманди кишвар ва ҷавонони фаъол иштирок менамоянд. Мақсад аз баргузории Фестивали «Суруди Модар – Алла»- ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба қадри модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ мебошад. Даври аввал ва дуюми фестивал дар шаҳру ноҳия ва вилоят доир гардида, беҳтаринҳо ба сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд. Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Модар дар ҳудуди ҷумҳурӣ миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, бонувони варзишгар ва модарони рӯзгордида як зумра барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатиро баргузор менамояд. Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз ҳамоиши «Нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ», озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол», барномаи тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар», семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд дар назар дошта шудаанд. Дар ҷамъбасти фестивал иштирокчиён бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида мешаванд.