KGU

1 март Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ

1 март Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ 01.03.2019

1 март Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ

       ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Таърихи пайдоиши ин ид ба соли 1990 рост омада, он бо ташаббуси якчанд  кишваҳои  узви Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ ба миён омадааст. Мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ — тарғиби донишҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва баланд бардоштани нуфузи сохторҳои кумакрасони соҳа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон дорои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мебошад ва Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ дар кишвари мо низ таҷлил мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон мақомоти ваколатдори давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар  ин соҳа, омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳифзи ҳудуди мамлакат аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар замони осоишта ва ҷанг амалӣ ва ҳамоҳанг месозад. Бояд зикр намуд, ки  ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ ва таъмини бехатарии мамлакат ба шумор меравад. Зимнан, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаҳои мухталиф барномаҳои зиёди давлатӣ қабул карда шуда, амалӣ гардиданд. Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 аз ҷумлаи ин ҳуҷҷатҳои муҳимест, ки бо мақсади муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди КҲФ ва МГ, инчунин таъмини рушди устувори минбаъдаи он моҳи майи соли 2018 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.


Back to the list