ДУШАНБЕ 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2002 инҷониб дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо ташаббуси Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ 1 март Рӯзи байналмилалии иммунитет ҷашн гирифта мешавад. Мақсади баргузории ин рӯз ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа баҳри баланд бардоштани системаи иммунии инсон ва бақувват нигоҳ доштани он мебошад. Дар ин рӯз табибон даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар ба саломатии худ аҳамият дода, аз ҳар гуна одатҳои бад худро эмин доранд ва тарзи ҳаёти солимро пеш баранд. Аз рӯйи тадқиқоти табибон, нишонаҳое, ки баъди зимистон пайдо мешаванд, далели паст будани иммунитети бадан мебошанд. Тавре ки маълум аст, сари вақт истеъмол накардани хӯрок, пурра нагирифтани хоб, шароити бади экологӣ инсонро ба ҳолати асабоният оварда, ба системаи иммунии бадан зарар мерасонанд. Тибқи тадқиқоти Ассотсиатсияи клиникии иммунологҳо, дар ҳамаи давлатҳо аз 8 то 15 фоизи сокинон аз системаи иммунии заиф азоб мекашанд. Бояд гуфт, ки 10 фоизи аҳолии рӯи замин иммунитети бақувват дошта, 10 фоизи дигар ба категорияи тез-тез беморшаванда дохил мешаванд. Системаи иммунии онҳо аз рӯзи таваллуд суст мебошад. Системаи иммунии тақрибан 80 фоизи дигар ба тарзи ҳаёти солим алоқаманд аст.