ДУШАНБЕ, 04.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва боз 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба феҳристи имтиҳоноти дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ шомил гардиданд Дар ин росто дар нуқтаи бақайдгирии 0401-и Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мулоқоти довталабону волидони онҳо бо масъулини ин нуқтаи бақайдгирӣ доир шуд. Роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ Мамадэъсо Имомёрбеков мегӯяд, ки «ҳарчанд давоми як моҳи охир кормандони марказ ба ҳамаи ноҳияҳои вилоят сафар карда, бо омӯзгорон, хатмкунандагон ва волидони онҳо оид ба тарзу усулҳои имтиҳоноти дохилшавӣ аз тариқи маркази тестӣ маълумоти мукаммал пешниҳод намуданд, аммо рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ кардани ин марказ зарур шумурдем, ки бори дигар бо онҳо мулоқот анҷом диҳем. Яке аз навигариҳо дар мавсими имсолаи имтиҳоноти дохилшавӣ-ин ба феҳристи муассисаҳои олии ватанӣ шомил кардани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад». Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ моҳи сентябри соли гузашта бо иштироки Президенти мамлакат расман ба фаъолият оғоз кард. Донишгоҳ бар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон бунёд ёфта, аз рӯи ду ихтисос — омӯзиши илм дар бораи замину муҳити зист ва иқтисодиёт мутахассис омода мекунад. Ҳоло дар ин донишгоҳ 150 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон таҳсил мекунанд. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷуз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ имсол ба имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ боз 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ илова гардиданд.