Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси шаҳри Кӯлоб бахшида ба «Рӯзи модар», санаи 5-уми марти соли 2019 озмуни шаҳрии «Чакандӯзи беҳтарин» дар партави эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки ҷавондухтарони ҳунарманди чакандӯз баргузор гардид. Дар озмун зиёда аз 20 нафар ҷавондухтарон бо ҳунари волои худ ширкат варзида, маҳорати худро нишон доданд. Дар раванди баргузории озмун муовини раиси шаҳри Кӯлоб-Кенҷамо Маҷидова суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур, ин дарёфти беҳтарин ҳунармандони чакандӯз миёни ҷавондухтарон, ба ин васила тарғиби чакани Қулоб-шаҳр миёни шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин дучанд гардонидани шавқу завқи духтарони навқадами чакандӯз мебошад. Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ҳамчунин қайд намуданд, мо ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки санаи 29-уми ноябри соли 2019 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО –Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Ин ифтихори мо меросбарони ин ҳунари аҷдодӣ буда, баҳри тарбияи насли наврас дар вобастагӣ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, моро водор месозад. Ба ин хотир, дар қисмати ҷамъбастии озмуни ҷавондухтарони чакандӯз, беҳтарин ҳунармандон аз ҷониби ҳайати тадорукотӣ интихоб гардида, ба муносибати Рӯзи модар санаи 7-уми марти соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сазовор гардонида мешаванд.