Дар таърихи 6.03.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ чорабии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба “Рӯзи модар” баргузор шуд. Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, кули омӯзгорон ва дониҷӯёни донишгоҳро ва дар симои онҳо кулли модарони дунёро ба муносибати таҷлили “Рӯзи модарон” аз самими дил табрик ва муборакбод намуданд.