KGU

БЕҲТАРИН ХАЙР КӮМАК БА ЯТИМОН АСТ!

БЕҲТАРИН ХАЙР КӮМАК БА ЯТИМОН АСТ! 07.03.2019

БЕҲТАРИН ХАЙР КӮМАК БА ЯТИМОН АСТ!

     Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш” бо аъзоёни ташкилот ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид. Нахуст, дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Орзу Ҳамидиён оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, ҷиҳати устуворона пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ ибрози андеша намуд. Ҳамзамон, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш” – Ҳикматов А. қайд намуд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки танҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст, пайваста иқдом хоҳанд намуд. Дар рафти чорабинӣ нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ” ба иштирокчиён тақсим ва дастрас гардонида шуд. Дар охир, зимни аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ба як нафар ятими кул сару либоси баҳорӣ ва лавозимотҳои хониш тақдим карда шуд. Ин иқдомҳо ҳамарӯза аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо аъзоёни худ амлӣ шуда истодааст.


Back to the list