KGU

БОЗ ЯК ХУШХАБАР: Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил гардиданд!

 БОЗ ЯК ХУШХАБАР: Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил гардиданд!       07.03.2019

БОЗ ЯК ХУШХАБАР: Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил гардиданд!

    ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба  рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019», ки имрӯзҳо дар шаҳри Берлини Олмон идома дорад, маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» баргузор гардид. Кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Тазаккур бояд дод, ки кӯҳҳои Помири Тоҷикистон соли чорум аст, ки барандаи ҷоизаи мазкур мегарданд. Эътирофи манзараҳои зебои кӯҳҳои Помир дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷаззобият ва таваҷҷуҳи сайёҳон ба онҳо гувоҳӣ дода, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019» ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хатсайрҳои гуногуни сайёҳиро ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар маҷмӯи хизматрасониҳо ба доираи васеи сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ пешниҳод намуда истодаанд. Ёдовар мешавем, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, 30 нафар намояндагон аз 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, 2 нафар аҳли фарҳанг ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ намуда истодаанд.


Back to the list