KGU

Чорабинии фарҳангии «Рӯзи Модар» дар шаҳри Кӯлоб таҷлил карда шуд

Чорабинии фарҳангии «Рӯзи Модар» дар шаҳри Кӯлоб таҷлил карда шуд 08.03.2019

Чорабинии фарҳангии «Рӯзи Модар» дар шаҳри Кӯлоб таҷлил карда шуд

       Рӯзи 7-уми марти соли 2019 дар толори қасри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангву тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовини аввали раис, муовинон, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занони собиқадори меҳнат  ва дигар занону модарон доир карда шуд. Саравал, раиси шаҳр ба муносибати 8-уми март-Рӯзи модар занонро табрику таҳният гуфта, аз фаъолияти пурсамару натиҷабахши занон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин росто, қайд намуд, ки «Имрӯз, Ҳукумати Тоҷикистон  дар симои зан нерӯи созандаи ҷамъияти имрӯзаро дида, саҳми занонро дар рушди кишвар муҳим арзёбӣ менамояд. Зеро зани тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти он нақши муҳимро  мегузорад. Бояд қайд намуд, ки дар пешрафт ва амалӣ намудани барномаҳои муҳими миллӣ,  ҳиссаи занон ниҳоят бузург аст». Ба ин хотир, ҷиҳати болидаруҳии занон як қатор фаъолзанонро бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ғолибони озмунҳои «Беҳтарин суруди алла»-Нимонова Навбаҳор (донишҷӯйи коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб), «Иншои беҳтарин»-Алиева Хатича (хонандаи синфи 11-и МТМУ №7) ва «Чакандӯзи беҳтарин»-Назарова Бибисоро (омӯзгори МТМУ №22), ки ҷойи аввалро сазовор гардиданд, бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо суруду рақсҳои дилошӯби худ таъби иштирокдоронро болида намуданд.


Back to the list