KGU

Аёдати занони собиқадори меҳнат

Аёдати занони собиқадори меҳнат 08.03.2019

Аёдати занони собиқадори меҳнат

     Санаи 7-уми марти соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ба муносибати 8-уми март-Рӯзи модар ба аёдати 5 нафар занони собиқадори меҳнат ташриф овард. Зимни аёдат онҳоро раиси шаҳр ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, инчунин бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд. Дар баробари ин аз хизматҳои шоёни ин занони хизматнишондода изҳори хушнӯдӣ намуда,  ба онҳо кӯмакҳои молӣ (орд, равған, биринҷ, шакар, макарон) ва кӯмакҳои пӯлӣ низ расонид. Заноне, ки аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд, дар баробари хизматҳои шоистаашон, аълочии маъориф низ унвон гирифтаанд.  Ин модарони воломақоми собиқадор   3 нафарашон рус-забон буда, солҳои тулонӣ дар Тоҷикистон ва барои тоҷикистониён хизмат ва кору фаъолият намуда, то ҳол бо мо зисту зиндагӣ доранд.  Зимнӣ аёдат, онҳо барои қадрдонӣ ва сипос доштани хизматҳояшон, саравал ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан ба раиси шаҳр изҳори миннатдорӣ намуда, баён доштанд, ки мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони азизамон чунин роҳбар дорад.


Back to the list