KGU

Баромади Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рӯзи модар»

Баромади Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рӯзи модар» 08.03.2019

Баромади Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рӯзи модар»

                                                    Модарони гиромиқадр ва бонувони арҷманд !

       Ҳамаи шуморо ба «Рӯзи модар»- сарчашмаи ҳаёти ҷовидонӣ ва муҳаббат самимона  табрику муборакбод гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатию саломатӣ,   саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаи пурташвишатон дар роҳи тарбияи инсонҳо  бурдбориву муваффақиятҳои беназир   таманно дорам. Мутмаинам, ки аз кору фаъолият ва дастони сеҳрофарини Шумо-модарони гиромӣ Тоҷикистони  азиз боз ҳам зебову шукӯфонтар мегардад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин олиҳаи зебоӣ чунин гуфтаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост». Ин буд, ки рӯзи 8-уми мартро ҳамчун «Рӯзи модар» унвон карданд, ки   гувоҳ аз қадршиносӣ ва манзалати Зан-Модар дар кишвар аст. Воқеан, Зан-Модар сазовори ҳамагуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Имрӯз, Ҳукумати Тоҷикистон  дар симои зан нерӯи созандаи ҷамъияти имрӯзаро дида, саҳми занонро дар рушди кишвар муҳим арзёбӣ менамояд. Зеро зани тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти он нақши муҳимеро  мегузорад. Бояд қайд намуд, ки дар пешрафт ва амалӣ намудани барномаҳои муҳими миллӣ,  ҳиссаи занон ниҳоят бузург аст. Зан чароғи равшани хонадон, хуррамии зиндагии башарият, азизтарин неъмати худодод барои ҳаёт мебошад. Бояд гуфт, ки занони шаҳри Кӯлоб   дар тарбияи насли наврас, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, эҷодкориҳои илмию фарҳангӣ, соҳаи тиб ва хизмати давлатӣ нақши калон доранд. Мо нақши дастони сеҳрофарини занонро  дар кору эҷоди ҳамарӯза, дар амалӣ гаштани нақшаҳои бузурги давлат мебинем ва онҳо дар қатори мардон барои ободии диёр ва шукӯфоии Ватани азизамон заҳмат мекашанд. Таърихи пурғановати миллати тоҷик корномаҳои занони ватанпарвару қавииродаи худро дар саҳфаҳои китоби худ бо ҳарфҳои заррин сабт кардааст. Қобили зикр аст, ки меросгарони Гурдофариду Таҳмина дар Ватани аҷдодии мо хело зиёданд, ки  барои занон ва духтарони имрӯза шоистаи ибрат ва пайравӣ мебошанд ва садҳо занони фаъоли шаҳру деҳот имрӯз силсилаи корнамоиҳои зан-модарро дар кору рафтори худ таҷассум менамоянд. Боиси хурсандист, ки Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҳар чӣ бештар ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб намудани занҳо,  корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Айни замон, аз 5 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқии вилоят 2 нафарашон  ва аз 40 нафар вакилони халқии шаҳрӣ бошад, 9 нафарашон занон мебошанд. Аз 130 нафар занҳои роҳбар, дар соҳаи тандурустӣ 63 нафар ва  соҳаи маориф 86 нафар, кору фаъолият намуда истодаанд. Имрӯзҳо, дар шаҳри Кӯлоб 574 нафар зан сардори хоҷагии деҳқонӣ, 717 нафар зан соҳибкор , 37 нафар зан дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ  фаъолият карда истодаанд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар ташкилоту муассисаҳо занон дар мансабҳои муовини раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва дар дигар мансабҳои хизмати давлатӣ фаъолият карда истодаанд. Маҳз, хизмати шарафмандона ва меҳнати ҳазорсолаи занони тоҷик ва махсусан занони шаҳри Кӯлоб буд, ки Чакан-  фарҳанги таърихии мо аз ҷониби ЮНЕСКО ба  рӯйхати арзишҳои ғайримоддии башарият ворид карда шуд,  ки ин бори дигар аз ҳунари волои занони Кӯлоб шаҳодат медиҳад. Имрӯз офаридаҳои бонувону  Кӯлоб мафтункунандаи оламиён гардидааст.Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст. Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд. Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номӯс, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номӯс мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан–модар сарчашма мегирад. Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, он ҷомеъа осудаву пешрафта мебошад. Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Зан чун тарбиятгари оила ва фарзандон, бонуи хона, баракатбахши рӯзгор, офтоби ҳаётбахши замину зиндагӣ мақому мавқеи хоса дорад. Васфи Зан-Модар ҳеҷ  поён надорад. Шоире, ин мартабаи занро чунин ба риштаи назм кашидааст:

  

   Зебандаи гулзори ҷаҳонӣ, эй зан,

  Дарёдилу неку хушбаёнӣ, эй зан.

      Ин боғи ҷаҳон, ки одамӣ меваи ӯст,

Дар боғи ҷаҳон боғбонӣ, эй зан


     Бонувони арҷманд! Мо ба садоқати шумо нисбати диёри азизамон ва масъулияти шумо дар иҷрои вазифаҳои ба дӯш доштаатон боварии комил дорем. Итминон дорем, ки Шумо модарону хоҳарони азиз ҳамчун олиҳаи бузурги офаридгор баҳри  тарбияи насли ояндасоз ва ободии хонадон ва рушди мамлакат  нерӯи бузург ва муҳаббати бепоёни худро дареғ намедоред. Ҳамаи мо дар якҷоягӣ баҳри сарсабзу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ мекунем. Бо ин ниятҳои нек, бори  дигар  шумо модарону бонувони азизро ба Рӯзи модар – иди меҳру  сидқу сафо  муборакбод  намуда, ба шумо  тани сиҳат, хотири  болида ва рӯзгори  хушу босаодатро орзумандам!

 Бигузор,  чароғи афрӯхтаи муҳаббати модарон то абад  фурӯзон бошад!!!

Ҳамду сано ба зан, ба модар, ба чашмаи ҷовидонаи ҳаёт!

Ид муборак, модарони азиз!


Back to the list