KGU

Табрикоти раиси шаҳри Кўлоб, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рўзи матбуот»

Табрикоти раиси шаҳри Кўлоб, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рўзи матбуот» 11.03.2019

Табрикоти раиси шаҳри Кўлоб, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рўзи матбуот»

Муҳтарам аҳли қалам!

Шуморо  ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику танҳният гуфта, дар кору эҷод ва фаъолиятатон барору комёбиҳоро орзумандам. Чи гунае ба ҳамагон маълум аст, як саду ҳафт  сол  қабл 11 марти соли 1912 дар Бухоро аввалин рӯзнома ба забони тоҷикӣ ба таъб расид ва ин сана ҳамчун зуҳури матбуоти тоҷик ҳама сола дар кишвари азизамон ҳамчун рӯзи матбуот ё худ рӯзи иди касбии рӯзноманигорон қайд карда мешавад. Аввалин рӯзномаи тоҷик  бо номи «Бухорои Шариф» бо дастгирии фарзандони бо нанги миллат Мирзо Сироҷ Ҳаким ва Мирзо Муҳиддин ба таъб расидааст. «Бухорои Шариф», ки аз рӯзҳои аввали фаъолият ҳуқуқу манфиатҳои миллати тоҷикро ҳифз мекард, бо сабабҳои маълум баъд аз нашри 153 шумора баста шуд. Аммо он ҳамчун марҳилаи пайдоиши нашрияи миллӣ ба идома ва рушди соҳаи матбуот заминаи боэътимод гузошт. Матуботи мо аз нахустин рӯзҳои пайдоиш ба муқовимат ва тундравиҳои бадхоҳон рӯ ба рӯ шуд, вале ба ҳама монеъаҳо нигоҳ накарда то имрӯз рисолати аслии худро иҷро карда истода аст. Дар саргаҳи бунёди матбуоти миллӣ афроди саршинос ва шинохтаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ барин чеҳраҳо  дар марҳилаҳои гуногун барои халқу Ватан хизматҳои шоён карданд. Имрӯз ворисони ин шахсиятҳои таърихӣ парчами матбуотро баланд бардошта, барои пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон меҳнат карда истодаанд.т Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матбуот назари хосса дошта, дар баромади худ ба муносибати 100 солагии рӯзи матбуоти тоҷик чунин қайд кардаанд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамояд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгири тавонои хабарӣ бошад, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус оммавияти давлат хизмат намояд». Дар партави ин гуфтаҳо бори дигар тамоми кормандони васоити ахбори умумро ба рӯзи солгарди матбуоти тоҷик муборакбод мегӯям.


Back to the list