ДУШАНБЕ, 12.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 -15 марти соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода мешавад. Тавре сардори маркази матбуоти Академияи илмҳо Машраби Абдулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мақсади олимпиадаи мазкур баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омўзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир, инчунин дарёфти донишҷўёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм мебошад. Дар олимпиадаи мазкур донишҷўёни зинаи бакалавр ва курсҳои 1-5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз рўи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) гузаронида мешавад, иштирок карда метавонанд. Даври якуми олимпиада дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ моҳи феврал баргузор гардида, 1-нафарӣ ғолибон аз ҳар як соҳаи илм барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниход карда мешаванд. Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки онҳо сатҳи донишандўзӣ ва иҷрои корҳои амалии довталабонро баҳогузорӣ менамоянд. Тибқи Низомномаи олимпиада, барои ғолибон дар ҳар як соҳаи илм ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм муқаррар карда шудаанд. Ғолибони ҷойи якум бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм бо дипломҳои дараҷаи 2-юм ва 3-юм сарфароз гардонида мешаванд. Айни замон ба унвонии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии Олимпиада аз ҷониби 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 239 нафар довталабон пешниҳод гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи шашум аст, ки олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд.