KGU

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро муайян намуд

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро муайян намуд 12.03.2019

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро муайян намуд

       ДУШАНБЕ, 12.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Соли равон чор нафар  намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барандаи  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд. Инҳо Зафар Мирзоев, Зариф Ғуломов, Ҳафиз Раҳмон дар бахши матбуот ва Умедҷон Ҷумъаев дар бахши телевизион мебошанд. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар маросими ботантана дар шаҳри Душанбе Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шамсиддин Орумбекзода ба барандагони он тақдим намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  42 сол муқаддам дар Анҷумани панҷуми  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи раёсати Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  рушди  дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба журналистоне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони мукофоти  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, диплом, нишони сарисинагӣ  ва мукофотпулӣ супорида мешавад. Ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нисбат додани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки шоири шаҳири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ яке аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён ба анҷом расонидааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи тоҷик  ва аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд.


Back to the list