Таърихи 13.03.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохурии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Носир-мовини сардори шуъбаи маркази милли қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон , Манучеҳри Ҳамидзод-корманди маркази милли қонунгузори наҳди Президенти Тоҷикистон оиди расонидани муҳтавои Пайёми имсолаи Пешвои миллат баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, н.и.ф. дотсент Худойдодова Ш.З, оғоз намуда, меҳмононро аз номи маъмурияти донишгоҳ хушомадед намуданд. Пасон сухани навбатиро корманди Маркази миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манучеҳр Ҳамидзод дар партави суханони хирадмандонаи Пешвои миллат идома дод. Ва инчунин дар охири ин вохури миёни донишҷӯёни Донишгоҳ ва донишҷӯёни Колеҷи омӯзгории назди донишгоҳ “Викторина” гузаронида шуд, ки дар ин миён донишҷӯёни донишгоҳ бо пешниҳоди 13 ҷавоби дуруст ғолиб дониста шуда дар охир ба ҳар ду дастаи муассисаҳои таълими “Ифтихорнома” , аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб ба аъзоёни даста тақдим карда шуданд.