KGU

Амалҳои хайриявӣ бахшида ба иди Наврӯз

Амалҳои хайриявӣ бахшида ба иди Наврӯз 18.03.2019

Амалҳои хайриявӣ бахшида ба иди Наврӯз

     Санаи 16 марти соли 2019 бо ташаббуси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангию маърифатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб бо ҷонибдори аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ ду ҷавони навхонадорро бо шаҳодатномаи акди никоҳ ва чор нафар фарзандони оилаҳои ниёзмандро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хатнасури хайриявӣ намуд. Дар ин росто, ҳамчунин як нафар оилаи сегоник таваллуднамударо низ қадрдонӣ намуда, кӯдакони онро ба шаҳодатномаи таваллуд сарфароз гардониданд. Ҳамчунин ба нафарони дасгиригардида аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҳамдам»туҳфаҳои арзанда низ тақдим карда шуд.


Back to the list