KGU

Таҷлили Наврӯзи байналмиллали дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Таҷлили Наврӯзи байналмиллали дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 19.03.2019

Таҷлили Наврӯзи байналмиллали дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

      Дар таърихи 19.03.2019 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳанги ба муносибати таҷлили Нарӯзи байналмиллали бо иштироки васеъи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор шуд. Донишҷӯёни донишгоҳ вобаста ба факултетҳо датархонҳои идона ва ҳунарҳои моҳиронаи дастони хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Ва шодию фараҳ баъди ҳамоиш додани дастархони идона дар толори фарҳангию фароғатии донишгоҳ вусъат гирифт. Қисмати кушодашавии чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика ва метематика, профессор Узви вобастаи АИ ҶТ муҳтарам Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, кулли кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии иди Баҳор оғози баракати сол сидқан муборакбодӣ намуданд. Қисмати фарҳангии барномаро донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ пеш бурданд. Дар толори фарҳанги шодию нишот дар авҷи аъло буд. Хулас аз рафти гузариш ва истиқболи ин рӯзи таърихи ҳама дар якҷояги шодӣ намуданд ва чорибини мазкур бо ҳамин ҳусни анҷом ёфт.





Back to the list