KGU

24 март дар Тоҷикистон Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шудааст

24 март дар Тоҷикистон Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шудааст 24.03.2019

24 март дар Тоҷикистон Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шудааст

       ДУШАНБЕ, 24.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.
Мақсад аз ин рӯз эҳё намудани  анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба  зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони ҷумҳурӣ  ба гулпарварӣ, ниҳолшинонӣ  ва   ҳифзи мероси табиӣ мебошад.
 Гул зеботарин моли табиат буда, парвариши он аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Гул бо зебоӣ ва ҷаззобияти худ инсонро мафтун менамояд. Имрӯз нафаре нест, ки ошиқи гул набошад. Он туҳфаи дӯстдоштаи занҳо мебошад. Гулро бештар занҳо дӯст медоранд ва кӯшиш мекунанд, ки  дар хона ва  назди ҳавлии  худ беҳтарин навъҳои онро парвариш кунанд. Имрӯз  ба парвариш ва нигоҳубини гул  бештар шахсони калонсол машғул мешаванд ва ин шуғлро воситаи ором намудани асаб меҳисобанд.


Back to the list