ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Акнун амал кунед – то ояндаро эҷод кунед»-таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 28-29 марти соли равон конфронси минтақавӣ оид ба сармоягузории ҷавонон баргузор мегардад. Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иштирокчиёни конфронси минтақавӣ бештар дар бораи вазъи сиёсию ҷамъиятӣ ва ҳаёти бевоситаи ҷавонон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он маълумоти бештар ҳосил менамоянд. Конфронси мазкур бо ташаббуси бевоситаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи Осиё ва Рушд, Хазинаи ҷамъиятии Япония ва Фонди рушди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Дар конфронс ҳамчунин ба масъалаи фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварҳо, иштирок ва ҳамкории бевоситаи ҷавонон дар хаёти парламентҳои мамлакатҳояшон ва натиҷаи тадқиқоти демографии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.Ёдовар мешавем, ки дар конфронси мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои муқимии корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд, иштирок менамоянд.