ДУШАНБЕ, 27.03.19 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи профессор С. Шербоев (ҳафтаномаи «Омўзгор», №№3, 4 аз 17.01 ва 24.01.2019) ва мақолаи хонандаи синфи 10, мактаби №20-и н. Шаҳринав У. Ҳаитов (ҳафтаномаи «Омўзгор», №,4 аз 24.01.2019) ҷавоб навиштааст, ки он имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид. Дар он, аз ҷумла, омадааст: Кумитаи забон ва истилоҳот, пеш аз ҳама, ба доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шербоев С., миннатдорӣ изҳор менамояд, ки дар масъалаи печидаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҳамчун як олим бетарафиро ихтиёр накарда, андешаҳои худро иброз доштааст. Имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ буда, меъёри асосии муайянкунандаи навишти калимаҳо ва дар асоси он талаффузи калимаҳо маҳсуб ёфта, ҳамчун муҳофизи забон хизмат мекунад. Агар ғалате дар хат пайдо шавад, он бо мурури замон ба гуфтор таъсири худро расонида, ба инкишофи минбаъдаи забон халал бунёд хоҳад кард. Ин таҷрибаи талхи таърихро забони тоҷикӣ дар марҳалаи аввали давраи нави ташаккул аз сар гузаронида буд. Яъне, дар замоне, ки хатти арабӣ дар Осиёи Марказӣ расман ҷорӣ гардид, аз сабаби мувофиқат накардани овозҳои забони тоҷикӣ бо ҳарфҳои забони арабӣ қисме аз авозҳо аз байн рафтанд, вале дар забони гуфтугўйӣ он овозҳо минбаъд низ боқӣ монданд. Аз он ҷумла, ҳамсадои лабии ҷарангдори β, ки бо ҳарфи фонавишта мешуд ва онро фои аҷамӣ меномиданд (муфассалтар дар ин бора ниг. М. Қосимова «Таърихи забони адабии тоҷик»), овози золи аҷамӣ (δ), ки дар калимаҳои ба мисли бад – баδ, гунбаз – гунбаδ ва ғ. истифода мешуд, аз байн рафтанд. Ва ё муарраб шудани қисме аз калимаҳо: геҳон – ҷаҳон, пил – фил, гавҳар – ҷавҳар, бож – боҷ, каж – каҷ ва ғ. Албатта, таҳаввули ин овозҳо сабабҳои дохилии худро низ доштанд, аммо дар тезонидани фаношавии онҳо хизмати хатти арабӣ низ назаррас буд. Мақсад аз зикри ин як-ду мисол танҳо назаре ба имло буд, ки духўрагӣ ва норавшанӣ дар имло оқибат бо чӣ меанҷомад. Такрори ҳамин ҳолатро мо дар қабули алифбои лотинӣ ва баъдан кириллӣ низ мебинем. Ҳангоми гузаштан ба алифбои кириллӣ баҳс дар атрофи 6 овози тоҷикии ғ, қ, ҷ, ҳ, ў, ӣ, ки шакли хаттии худро дар хатти кириллӣ надоштанд, ба миён омад. Аз ин рў, меъёрҳое, ки барои имло тарҳрезӣ мешаванд, чун гил ва сангрезаҳое ҳастанд, ки хиштҳои бунёди забонро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Ёдовар бояд шуд, ки бунёди қоидаҳои имлоро се меъёри асосӣ ташкил медиҳад: меъёри морфологӣ, меъёри фонетикӣ ва меъёри таърихӣ (анъанавӣ). Ғайр аз ин меъёрҳо баъзан аз меъёрҳои фонематикӣ ва дифференсиалӣ (фарқкунанда) низ истифода мекунанд. Меъёри морфологӣ якнавохт навиштани вожаҳо ва ҳиссаҳои нутқро талаб мекунад ва ҳамзамон қоидаҳои навишти вожаҳои решагӣ, пешвандҳо, пасвандҳо ва бандакҳоро танзим мекунад, ҷудо, якҷоя ё бо нимтире навиштани калимаҳоро муайян мекунад. Имлои мукаммал ҳамон имлое маҳсуб меёбад, ки бар пояи меъёрҳои морфологӣ асос ёфтааст. Меъёри фонетикӣ мувофиқати овозро бо шакли графикии калима муайян мекунад, ки меъёри бисёр мушкили қоидаҳои имло буда, он на барои ҳар забон истифода мешавад. Агар танҳо аз рўйи меъёри фонетикӣ амал кунем, якнавохтӣ дар навишт ғайриимкон мегардад. Меъёри таърихӣ (анъанавӣ) навишти қадимиро асос гирифта, талаб мекунад, ки чӣ гуна дар гузашта вожаҳо навишта мешуданд, имрўз низ бояд ҳамон тавр навишта шаванд (ин меъёр дар имлои забони англисӣ фаровон истифода мешавад). Меъёри фонематикӣ, ки ҷиҳати баргардони овозҳои мушаххасро дар фонемаҳо талаб дорад, душвортарин меъёр маҳсуб меёбад. Зеро дар аксари забонҳо, аз он ҷумла дар забони тоҷикӣ, таркиби фонематикии калимаҳо ҳанўз омўхта нашудааст. Меъёри дифференсиалӣ (фарқкунанда) доираи хеле маҳдуди истифода шудани калимаҳоро дар навишт, хусусан тарзи навишти омонимҳо ва омофонҳоро муайян мекунад. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011 тасдиқ шудаанд, дар асоси меъёрҳои фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ таҳия шуда, асолати забони тоҷикиро таъмин менамоянд. Қоидаҳои имлои мазкур дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи илмӣ мушкилоти навиштро дар корбурди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва густариши он дар умури сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва бахшҳои дигари фаъолияти ҳаррўзаи кишварамон хеле осон гардонид. Ёдовар бояд шуд, ки дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (соли 2011) тағйиру иловаҳои зиёд ворид гардида буд, аз он ҷумла, дар бахши алифбо ҳарфҳо мутобиқ ба меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуда, тартиб ва меъёри садонокҳо ва ҳамсадоҳо бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия гардидаанд. Имлои ҳиссаҳои нутқ пурра бознигарӣ шуда, мақоми муайяни худро касб намудааст. Аммо мурури вақт нишон дод, ки ҳанўз ҳам дар қоидаҳои муназзами имлои амалкунанда баъзе ҷузъиёти меъёрҳои муқарраршуда сарфи назар шуда, ҳатто дар баъзе маврид ҳолатҳои духура будани қоидаҳо ба назар мерасанд. Ба қавли забоншиноси марҳум Ғаффор Ҷўраев (яке аз аъзои гурўҳи кории қоидаҳои имлои соли 2011): «Шубҳае нест, ки баъди гузаштани солҳо ва фароҳам омадани имкониятҳо зарурати таҳриру такмили нави имло боз фаро мерасад». Аз ин рў, имрўз замоне фаро расидааст, ки он нуқсони имло, ки монеаи рушди забони ноби тоҷикӣ гашта истодааст, бартараф карда шавад. Ҳамзамон барои ҳарчи зудтар мувофиқ намудани технологияи муосир ба забони давлатӣ такмил додани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ хеле муҳим мебошад. Аз сабаби барангехтани баҳсҳои зиёд дар байни зиёиён ва муроҷиати шаҳрвандони кишвар дар мавриди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2016 гурўҳи корӣ барои такмил ва таҳрири «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шуд. Гурўҳи корӣ, ки иборат аз мутахассисони варзидаи забоншиносии кишвар аст, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро аз нав бар асоси меъёрҳои муқарраршуда барасӣ намуд. Сипас, лоиҳаи он ба тамоми кафедраҳои тахассусии донишгоҳу донишкадаҳо ва ниҳодҳои илмӣ барои муҳокимаи мутахассисону омўзгорон фиристода шуд. Ҳатто ба унвонии Кумита пешниҳодҳои инфиродӣ аз ҷониби мутахассисони забоншинос низ дохил гардиданд, ки ҳамаи онҳо мавриди муҳокимаи гурўҳи корӣ қарор гирифтанд. Дар маҷмўъ, қариб дар ҳамаи бандҳои лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, бандҳои нав низ илова шудаанд, ки миқдори онҳо аз 54 ба 58 адад афзун гардидааст. Аммо дар мавриди баъзе бандҳои Қоидаҳо ҳанўз ҳам баҳсҳо идома доранд, ки пас аз ба хулоса омадани гурўҳи корӣ лоиҳаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Аз ин нигоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шербоев С. дар мақолаи хеш «такмилталаб будани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дуруст роҳандозӣ намуда, пешниҳодоти муфид низ кардааст. Аммо ба баъзе аз пешниҳодҳои мавсуф наметавон пурра розӣ шуд. Аз он ҷумла, дар мавриди тавассути матбуоти даврӣ ба муҳокимаи умум гузоштани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ғайримақсад аст. Зеро барои таҳияи қоидаҳои имло аз меъёрҳое, ки барои он муқаррар шудаанд (мо дар боло онҳоро шарҳ додем), бояд истифода кард. Вале омма аксарият ин меъёрҳоро намедонанд ва ҳар кас бештар дар доираи шеваи худ фикр мекунад, ки ин бар суди забони адабӣ нест. Инчунин дар масъалаи зербанди ғ)-и банди 16-и «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бояд таъкид кард, ки воқеан мисолҳои овардашуда метавонанд сифат бошанд, аммо дар мавриди зерин ба вазифаи исмҳои мураккаб омадаанд. Яъне, вожаҳои чоркунҷа ифодакунандаи номи яке аз шаклҳои геометрӣ ва сепоя номи яке аз абзорҳо (штатив) мебошад. Новобаста аз ин, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои муфиди профессор С. Шербоевро ба назар гирифта, ба гурўҳи корӣ онро пешниҳод хоҳад кард. Доир ба аломатҳои тире ва нимтире (дефис) зикр бояд кард, ки муаллифи мақолаи «Тире ҳаст, дефис куҷо шуд?» У.Ҳаитов ноадолатона дар хусуси надонистан ё огоҳ набудани забоншиносон аз аломатҳои мазкур сухан гуфтааст. Дар мавриди риоя нагардидани мавқеи истифодаи дурусти онҳо дар барномаву стандартҳо, китобҳои дарсӣ, илмӣ, бадеӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ва ғ. мо ҷонибдори муаллифем. Сабаб на дар надонистани қоидаҳои гузоштани аломатҳои мазкур, балки дар дуруст кор бурда натавонистани барномаҳои компютерӣ мебошад. Барои мисол, дар рўзномае, ки мақолаи мазкур чоп шудааст, азбаски муаллиф истифодаи барномаи компютериро хуб медонад, аломатҳои тире ва нимтире дуруст гузошта шудаанд, аммо дар мақолаҳои дигар дар ин масъала муаллифон комёб нагаштаанд.Ёдовар бояд шуд, ки ҳарчанд тире ва нимтире (дефис) аломатҳои китобатианд, аммо тарзи навишти нимтире (дефис), ки вазифаи морфологиро бар дўш дорад, дар Қоидаҳои имло дода шудааст. Мавриди гузоштани тире, ки вазифаи синтаксисиро иҷро мекунад, дар Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ шарҳ дода шудааст.
Саодатшо МАТРОБИЁН,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон