ДУШАНБЕ, 27.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» 28 март дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе оғоз ёфта, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.Бояд тазаккур дод, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор» бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт гузаронида мешавад.Намоишгоҳи байналмилалӣ дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя, рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад.Интизор меравад, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор» корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика, технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019.Баҳор» намоишгоҳи анъанавӣ маҳсуб ёфта, он ҳамасола дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.Дар доираи баргузории намоишгоҳ бизнес-форум бо иштироки доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар назар дошта шудааст.