KGU

Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ «Дунёи саодат» оғоз меёбад

Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ «Дунёи саодат» оғоз меёбад 28.03.2019

Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ «Дунёи саодат» оғоз меёбад

        ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 апрели соли 2019 дар ҷумҳурӣ даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» оғоз мегардад.Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалб ва фарогирии  ҳарчи  бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат  ва  ба ин васила баланд  бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоиписандии ҷавонону наврасон баргузор мешавад.Ба иттилои манбаъ, беҳтарин ансамблҳои оилавӣ барои иштирок дар даври ҷамъбастии Фестивал роҳхат мегиранд. Даври ҷамъбастии он  бо иштироки 10 ансамбли оилавӣ 15 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барпо мегардад.Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.Ансамблҳои оилавӣ дар фестивал аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла: намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши умумӣ (классикӣ, халқӣ), суруди якка (Модар–Ватан, Ваҳдату Истиқлолият), бадеҳа ё лапар, навозиши якка (дар созҳои миллӣ), намоиши либоси миллӣ, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ ва монолог (мавзӯъҳои мубрами ҷомеа, масъалаҳои оилавӣ) ва дигар шартҳо баромад мекунанд.Мавриди зикр аст, ки дар фестивал танҳо ансамблҳои оилавие, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд ва аз тарафи раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг ба қайд гирифта шудаанд, иштирок карда метавонанд.Тибқи пешниҳоди ҳайати эҷодӣ, дар фестивал аз ҳамаи минтақаҳо (Суғд, Хатлон, ВМКБ, Ҳисор, Рашт) 2-бахшӣ, дар маҷмӯъ 10 бахш дар даври ҷамъбастӣ иштирок мекунанд. Ҳайати ансамблҳо набояд аз 20 нафар зиёд бошад


Back to the list