KGU

Озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан» беҳтарин публитсистнависони ҷавонро интизор аст!

Озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан» беҳтарин публитсистнависони ҷавонро интизор аст! 30.03.2019

Озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан» беҳтарин публитсистнависони ҷавонро интизор аст!

      Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки миёни қаламкашони ҷавон таҳти унвони «Меҳри Ватан» озмуни ҷумҳуриявӣ доир намояд.Озмун дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022» роҳандозӣ карда мешавад.Мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан»- ин дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҷавонон мебошад. Дар озмун муаллифони ҷавон метавонанд бо мақолаҳои публисистии худ иштирок намоянд. Хоҳишмандон метавонанд то 10 майи соли равон мақолаҳои худро ба унвони Кумита ирсол намоянд.Муаллифони беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.


Back to the list