KGU

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲ 03.04.2019

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 2-юми апрели соли 2019 рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муслимов Ҳайдар Абубакрович дар мавзӯи «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии осори Манучеҳрии Домғонӣ», ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамчун муассисаи пешбар интихоб карда буданд, дар кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он муҳокиа гардид.

Дар ҷаласа мудири кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзоев Ғоиб, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Давлатов Эраҷ, роҳбари илмии муҳаққиқ доктори илмҳои филологӣ Дилмурод Ҳамидов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДМТ Камолов Хуршед ва аъзоёни кафедра иштирок доштанд.

Нахуст, муҳаққиқ оид ба муҳтавои рисола суханронӣ намуда, ба саволҳои аъзоёни ҷаласа ҷавобҳои қаноатбахш доданд. Сипас, олимоне, ки рисола ва авторефератро ҳамчун муқарриз хонда буданд, баромад карданд. Баъдан, профессор Ҷумъахон Алимӣ суханронӣ намуда, кори илмии мазкурро баҳои баланд доданд.



Back to the list