Дар таърихи рузи 3.04.2019 дар бинои маъмурии донишгоҳ маҳфили навбатии умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки маҳфили навбатӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардида, бо пурсишу посухи миёни маърузачиёну иштироккунандагон сурат гирифт.
Нахуст роҳбари маҳфил Ҷураев Далерхуҷа Қурбонович баромад намуда, қайд карданд, ки маҳфили сиёсатшиносӣ яке аз маҳфилҳои умумидонишгоҳии донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳсуб меёбад, ки метавонад воқеан ҳам донишҷӯёнро бо донишҳои мухталифи сиёсӣ, вазъи сиёсати дохиливу хориҷии ватани азизамон Тоҷикистон ва амсоли инҳо таъмин намояд.
Ҷиҳати дар сатҳи оливу шавқовар гузаштани маҳфилҳо ва омода намудани кадрҳои ҷавону мутахасисони ояндаву эҷодкор, пайваста дар асоси дастуру тавсияҳои дотсентони кафедра, аз қабили: Аъзамов Х.С, Пирназаров Э.А, Муродов Т.Н, Муродова Г.Р ва дигарон ба роҳ монда мешаванд, ки нақши устод Пирназаров Э, ҳамчун мудири кафедраи сиёсатшиносӣ хеле ҳам назарас мебошад.
Баъдан тибқи нақшаи кории маҳфил донишҷӯёни зерин маърӯзаҳои омоданамудаашонро пешниҳоди иштирокчиён намуданд:
Розиқов Ҷаҳонгир - донишҷӯи бахши якуми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи «мақсад ва вазифаҳои фанни диншиносӣ» баромад намуда, изҳор намуд:
Дин дар таърихи инсоният нақши калон бозида, имрӯз низ дар асри XXI, бо вуҷуди пешрафтҳои азими илмию техникӣ мавқеи он дар ҳаёти мардуми олам коста нагардидааст. Сабаби устувории ақидаҳои динӣ дар он аст, ки дин таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, инсон аз ҳамон рӯзҳои аввалини пайдо шудан ҳамчун инсон худро шинохтанаш дин бо ӯ ҳамроҳ будааст. Дар тӯли асрҳо ақидаҳои динии одамон шакл гирифта, ба меъёрҳои муайяни рафтор, расму русум ва урфу одатҳо табдил меёфтанд.
Худи факти эътирофи идеяи вуҷуд доштани қувваҳои фавқуттабиии мададгор-Худо, пайғамбар, фариштаҳо, ки дар мушкилоти зиндагӣ ба инсони солеҳ ёрӣ хоҳанд расонид, ба одам қувваю рӯҳи тоза ва ба ояндаи нек боварӣ мебахшид. Дар айни замон идеяи мавҷудияти қувваҳои фавқуттабиии мазкур дар дили одамони гунаҳкор тарсу ваҳмро ҷой медоданд ва онҳоро маҷбур месохтанд ба идеяҳои динӣ пайравӣ намоянд.
Нақши дин хусусан дар ҷорӣ кардану таҳкими ахлоқи ҳамида дар ҷомеа калон аст. Ва ин нақш масалан дар ислом то ба дараҷаест, ки баъзеҳо ҳатто динро «адабу ахлоқ» донистаанд. Ғайр аз ин бояд дар назар дошт, ки агар шахсе дар ахлоқ чизе гӯяд, қадри сухани ӯ ночиз аст ва аммо вақте аз ҷониби Худо ё пайғамбар гуфта шуда бошад, ҳукму қадри он баланд ва иҷрои он зарурӣ аст. Масъалаҳои ахлоқӣ дар ҷамъиятҳои инсонӣ аз замонҳои қадимтарин пайдо шуда, бо мурури замон суфта ва қабул гардидаанд. Чунончи, яке аз намунаҳои низомҳои ахлоқии қадимаи общинаи ибтидоӣ «табу» (манъ намудани ин ё он амал) аз ҷониби сардорон ё худоҳои қабилавӣ бар гардани аъзоёни қабила бор карда шуда буд.
МУҲАММАДАЛИ Усмонов - донишҷӯи бахши чоруми факултаи филологияи хориҷӣ, дар мавзуи «Ақидаҳои сиёсии Ҳусайн Воизи Кошифӣ» маъруза карда, ҳамчунин қайд кард:
Дар афкори сиёсию иҷтимоии мардуми форсу тоҷик Хусейн Воизи Кошифӣ (1420 - 1505) бо асараш «Ахлоқи мӯҳсинӣ» нақши муҳиме бозидааст. Китоб аз муқаддима ва чил боб иборат мебошад, ки дар ҳар боби он дар бораи давлат, мақоми сарвари давлат, сиёеат, адолат, аклу инсоф, некй, дурандешӣ, шуҷоат, фаросат, риояи ҳуқуқ ва гайраҳо баҳс мекунад.
ИСМОИЛ Юнусов - донишҷӯи бахши сеюми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика, дар мавзуи «Шаклҳои ибтидоии пайдоиши динҳо» баромад карда, изҳор дошт:
Дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, яке аз намудҳои идеология мебошад. Идеология бошад дар ниҳояти кор инъикоси ҳастии моддии одамон ва таркиби иқтисодии ҷамъият мебошад. Ҳанӯз Ф. Энгелс дар «Анти Дюринг»-и худ дар хусуси моҳияти дин навишта буд:
«Ҳар гуна дин - ин пеш аз ҳама инъикоси фантастикии он қувваҳои беруна дар сарҳои одамон мебошад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон ба онҳо ҳукмронӣ мекунанд ва он чунин инъикосест, ки дар он қувваҳои заминӣ шакли ғайризаминиро мегиранд. Дин шакли вайроншудаи шуур -инъикоси таҳрифшудаи ҳаёти воқеӣ мебошад».
Маркс мегуфт, ки дин таърих надорад. Вале ин гуфтаро ба тарзи одӣ, яъне, ки ӯ таърихи динро инкор мекарда бошад, фаҳмидан лозим нест. Маънои ин гуфтаи Марксро чунин фаҳмидан лозим аст, ки дин таърихи алоҳидаю мустақили худро надорад, зеро таърихи дин ин инъикоси таҳрифшудаи таърихи ҷамъияти инсонӣ мебошад.
Ҳарчанд, ки дин якҷоя бо муносибатҳои истеҳсолӣ, якҷоя бо ҳаёти воқеӣ тағйир меёбад, вале дар айни замон дар давоми тамоми муддати инкишофи худ тасаввуроту ақидаҳои асосии пештараи худро нигоҳ медорад. Яъне яке аз хусусиятҳои дин консервативӣ (муҳофизакор) будани он аст. Моҳияти дин дар замони ҷамъияти ибтидоӣ нисбат ба замони ҷамъияти синфӣ фарқ мекунад. Дин дар замони общинаи ибтидоӣ ба сабаби маҳдуд будани муносибатҳои истеҳсолӣ маҳдуд буд. Ин маҳдудият дар динҳои қадима дар парастиши табиат инъикос меёфт. Дар ҷамъияти синфӣ бошад дин воситаи дар тобеият нигоҳ доштани омма буда, кадом дине, ки набошад, ҳокимону зулми онҳоро ҳақ мебарорад.
Ҳам дар ҷамъияти ибтидоӣ ва ҳам дар ҷамъияти синфӣ шароитҳои умумие вуҷуд доштанд, ки бовариро ба олами фавқуттабиӣ зиёд мекарданд. Сабаби ин пеш аз ҳама дар заифии инсон аст, заифии инсон дар мубориза ба муқобили қувваҳои табиат дар сохти ҷамъияти ибтидоӣ ва заифии инсон дар муқобили истисморгарон дар ҷамъияти синфӣ. Маҳз ана ҳамин ҳолати заифии инсонҳои аввалиро дар муқобили қувваҳои табиат Ленин сабаби пайдоиши эътиқодоти динӣ дониста буд. Зеро инсонҳои аввалӣ «дар зери фишори сахти мушкилоти зиндагӣ ва мубориза бо табиат» қарор доштанд. Инсонҳои аввалӣ дар ҳақиқат дар назди қувваҳои табиат бечора буданд. Зеро шуури онҳо дар ибтидо он қадар тараққикарда набуд ва ҳаводиси гуногуни табиатро наметавонистанд дуруст шарҳ бидиҳанд. Офтобу моҳ, шабу рӯз, барфу борон, раъду барқ, сӯхторҳо, бемориҳою марг дар назари инсонҳо ҳаводисе буданд асроромез, ҳаводисе буданд, ки тафсиру шарҳу эзоҳи дуруст металабиданд. Азбаски сабабҳои пайдоиши ҳақиқии он ҳаводиси табииро намедонистанд, онҳоро ба тарзи хаёлбофию афсонавӣ шарҳ медоданд. Баъдтар ин хаёлбофиҳо ва тасаввуроти фантастикии худро ҷамъбаст карда ба низом медароварданд, ки онҳо оҳиста-оҳиста аввал ба урфу одат ва сипас ба эътиқоду дин табдил меёфтанд. Чун инсони аввалӣ ба он тасаввуроту хаёлбофиҳои худ бовар карда онҳоро воқеияту ҳақиқат шумурд, кӯшиш ба харҷ дод то бо он воқеият муносибат барқарор намуда аз он барои худ манфиате ҳосил намояд. Ба хотири дили он воқеиятро ба даст овардан, инсон барои он намоз мегузорид, тоату ибодат ва қурбониҳо мекард. Ана ҳамин тавр эътиқодоти инсон ба қувваҳои фавқуттабиӣ бо мурури замон мустаҳкам мегардиданд ва ана ҳамин хел аз рӯи зарурияти таърихӣ дин пайдо гардид. Азбаски ақли инсон бисёр борикбину ҳассосу мутаҳаррик аст, ӯ ҳар дафъа ба он хаёлбофиҳои динии худ чизи наве илова мекард ва бо ҳамин маросимҳои динии худро мураккабтар мегардонид.
Бояд гуфт, ки маҳфил бисёр ҳам дар сатҳи олӣ баргузор гардид, ки инро дар пурсишу посухи миёни маърузачиён ва дигар иштироккунадагон мушоҳида кардан мумкин буд.
Ҳадафи асосӣ аз баргузории маҳфили илмии донишҷӯён «СИЁСАТШИНОСӣ» аз он иборат аст, ки донишҷӯёни фаъоли донишгоҳро ба маҳфил ҷалб намудаем, ки ин иқдом дар оянда барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.