Дар таърихи 4.03.2019 дар хобгоҳи №3-и донишҷӯдухтарони азди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раёсати тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ як гуруҳ волонтиёрони фаъоли маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”- и назди шуъбаи кор бо ҷавонон дар ин хобгоҳ бо иштироки донишҷӯдухтарони дар хобгоҳи мазкур истиқоматкунанда , Семинар – омӯзиш дар мавзуи “ Пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ” гузаронида шуд.Сараввал семинари мазкурро мутахасиси шуъбаи кор бо ҷавонон, Ҷалилов Меҳроб оғоз намуд, сипас суханро ба маърузачиён доданд. Дар семинари мазкур маърузаи донишҷӯи курси 3-юми факултети молиявию иқтисодӣ, роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” , Шоева Дилноза дар мавзуи “ Бимориҳое, ки тамоми қитъаҳои оламро фаро гирифтаанд” мавриди музокира қарор гирифт. Дар охир семинар вобаста ба мавзуи пешниҳодуда суолҳо аз ҷониби донишҷӯдухтарон пешниҳод гардид, ки ба он суолҳо мутахасисони шуъба ва аъзоёни фаъоли маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” посухҳои аниқ ва дақиқ доданд. Хулоса семинари мазкур бо суолу ҷавоб ба итмом расид. Ва дар охир донишҷӯдухтарон сипоси худро ба роҳбарияти донишгоҳ изҳор дошта, гуфтанд, ки миннатодерем аз аҳли раёсати донишгоҳ, ки мавриди чунин бемориҳо ва мавзуъҳои мубрами руз назари ҳамаҷониба доранд.