Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тибқи мактуби муовини раиси вилояти Хатлон аз 7 марти соли 2019, №27 оид ба дастури раиси вилояти Хатлон аз 22 уми феврали соли 2019 №9-136 ва иҷрои талаботи банди 2 сархати 8 –и Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ миёни ғолибони даври якуми квотаи Президентӣ аз гуруҳи ихтисосҳои кластерҳои 1, 2 ва 3-юм рӯзи 28 марти соли 2019 ва миёни ғолибони даври якум аз гуруҳи ихтисосҳои кластерҳои 4-ум ва 5- умро рӯзи 29 марти соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб баргузор намуд.Мавриди зикр аст, ки тибқи банди 2 сархати 4-и Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ миёни ғолибони даври якум сурат гирифт.Даври дуюми қабули довталабон ба таври шаффоф бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндаи раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва падару модарони довталабон гузаронида шуд.Ҳайати комиссия аз шумораи 609 довталаб, 154 нафарро ба даври ниҳоӣ пешниҳод намуд.