KGU

Озмуни шаҳрии «Ободгари Ватан»

Озмуни шаҳрии «Ободгари Ватан» 09.04.2019

Озмуни шаҳрии «Ободгари Ватан»

        Тибқи қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 марти соли 2019 озмуни «Ободгари Ватан» дар давоми солҳои 2019-2021 гузаронида мешавад.Мақсади асосии озмуни мазкур дар шаҳру деҳоти Кӯлоб беҳтар намудани намои шаҳру деҳот, фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон ва ҳавасманд гардонидани онҳо буда, барои муайян намудани соҳибкорони беҳтарини шаҳру деҳоти Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли 2019, ки дар ободии шаҳру деҳот саҳм гузоштаанд, озмун тибқи низомнома ҷамъбаст карда шуд.Дар семоҳаи аввали соли равон фаъолияти  соҳибкорони маҳаллӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, маълум гардид, ки дар ин давра 15 нафар соҳибкорон бештар дар ободонию созандагии қаламрави шаҳру деҳоти Кӯлоб саҳм гузоштаанд.Аз ҷумла: ҶДММ «Кабк» корхонаи сангу шағалбарорӣ ва мағозаи дуошёнаи замонавӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор додааст, ки дар ин замина 15 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, ба шахсони эҳтиёҷманд мунтазам кӯмакҳои моддию молиявӣ расонидааст.Соҳибкор Зардиев А. бошад бинои филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-ро бо 5 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода супорид.Инчунин дар сохтмони бинои синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 низ саҳми арзандаи худро гузошта, дар баробари ин ҳаммоми замонавӣ дар деҳаи Чашмасор сохта ба истифода додааст.Соҳибкор Нозимов Ғайрат аз ҳисоби худ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-ро таъмири асосӣ намуда, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва маркази савдоро дар деҳаи Чорбоғ сохта ба истифода дода, дар ин замина 10 ҷойҳои кории нав муҳаё намудааст. Бо назардошти ин  кумитаи тадорукотӣ чунин қарор қабул кард: ҷойи аввал ба роҳбари ҶДММ «Кабк» Ҷаъфаров Ҳабиб, ҷойи дуюм ба соҳибкор Зардиев Абдунабӣ ва ҷойи сеюм ба соҳибкор Нозимов Ғайрат  дода шавад.Ҳамзамон, соҳибкорони зикргардида, ба озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» пешниҳод карда шуданд.

 


Back to the list